Баланддаҳлез

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Баланддаҳлез ҷузъи санъати меъморӣ.

Қисми таркибии иншооти меъмории хонаи истиқоматӣ. Як навъи айвон, ки нисбатан камбару кӯтоҳтар бу­да, суффаи он аз сатҳи замин 130—150 см баланд мешавад. Дар қисми пеши мобайн яккасутун дорад, ки аксаран кандакорӣ мешуду боша дошт. Аз ду тарафи яккасутуни мунаққаш ду сутуни гурҷшакл (чортарош), ки нисфашон аз дохили девор барҷаста мебошад, насб мегарданд. Су­тунҳои часпак бо сутуни марказӣ ба воситаи оваҳк (чӯб­ҳои дарози лӯлавӣ) пайвастагӣ доранд. Болорҳо аз лӯла­чӯбҳои ҳамандоза интихоб шуда, қисми нӯгашон (ба дарозии 50-60 см) кандакорӣ мешуд. Забаррав баъзан ва синҷҳо доиман чортарош мешуданд. Вассаҳои баланддаҳлез гоҳе аз лӯлачӯбҳои резаи якандоза интихоб ва муқарнасӣ (ё пешовез) бар болои болорҳо чида мешуданд, ки шакли ороишӣ мегирифт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]