Баландисанҷ
Баландисанҷ — асбоби ҳавопаймойи дастгоҳи париш, ки баландии парвозро нишон медиҳад. Аз рӯйи сохт ва усули кор барометрӣ, радиотехникӣ, радифӣ ва гамма-нурӣ мешавад.
Б.-и барометрӣ барои муайян кардани баландии барометрӣ ё баландии нисбии парвоз пешбинӣ шудааст. Усули кори Б.-и барометрӣ бар андозагирии фишори атмосфера асос ёфтааст, чунки бо зиёд шудани баландӣ фишори атмосферӣ кам мешавад. Аз ин рӯ, Б. на баландиро, балки аниқтараш, фишори ҳаворо андоза мекунад. Асбоб аз қуттии мембранадор иборат буда, тағйироти ҳолати он бо ду ақрабак (хурду калон) ба тарзи механикӣ пайваст аст. Сиферблати он ба 10 қисм тақсим шуда, ҳар қисм дар ақрабаки калон 100 м, дар ақрабаки хурд 1000 м-ро ифода мекунад. Баландии парвози дастгоҳи париш дар сатҳи замин (ё об) ҳамчун фарқи фишорҳои байни нуқтаи воқеъ будани асбоб ва фишори ҳаво дар сатҳе, ки баландии он муайян карда мешавад, ҳисоб карда мешавад. Фишори атмосферии сатҳ (мавзеи фурудоии дастгоҳи париш) ба халабони самолёт аз ҷониби хадамоти фурудгоҳ хабар дода мешавад. Барои муайян кардани баландии парвоз дар Б. қимати фишори атмосферии замин (сатҳ)-ро дастӣ мегузоранд. Яке аз навъҳои Б.-и барометрӣ ба дасти одам баста мешавад. Барои андозаву назорат кардани баландӣ ва фишори атмосферӣ ҳангоми афтиши озод бо чатри наҷот (парашют) хидмат мекунад.
Тарзи кори Б.-и радиотехникӣ ба андоза кардани фосилаи вақти байни ирсол ва қабули мавҷҳои электромагнитии инъикосшуда аз сатҳи об ё замини баландиаш ченшаванда асос ёфтааст. Фарқи Б.-и радиотехникӣ аз барометрӣ дар он аст, ки баландии ҳақиқии парвозро бо саҳеҳии бузург андоза мекунад ва ба фишори ҳаво вобаста нест. Онро, одатан, барои андозагирии баландиҳои хурди ба сатҳи замин (ё об) наздик истифода мебаранд, чунки барои андозагирӣ аз баландиҳои бузург манбаи афканиши пурқувват лозим аст. Асбоб аз ирсолкунандаи радиомавҷҳои фавқулбасомад, антеннаи равишдор (дар «шиками» дастгоҳи париш насб шудааст), қабулкунаки радиомавҷҳои инъикосшаванда, асбоби коркарди сигналҳо ва асбоби визуалие, ки дар тахтаи асбобҳои тайёра ҷойгир аст, иборат мебошад. Камбуди асосии ин асбоб андозагирии баландӣ дар самти муайян мебошад. Аз ин рӯ, истифодаи Б. танҳо дар ҷойҳои сатҳашон ҳамвор ба мақсад мувофиқ буда, дар кӯҳҳо ва мавзеи ноҳамвор истифода намешавад.
Барои андоза кардани баландӣ, инчунин, аз Б.-и радифӣ (GPS-қабулкунакҳо) истифода мебаранд. Тарзи кори он ба андозагирии яквақтаи масофа то якчанд (аз 4 то 6) радифе, ки дар мадорҳои муайян давр мезананд, асос ёфтааст. Дар асоси ҳисобкуниҳои математикӣ асбоб мавқеи нуқтаро дар фазо (координатаҳои φ ва λ), арзу тӯли маҳалро дар модели сатҳи Замин, баландиро (Н) нисбат ба модели миёнаи сатҳи баҳр (модели маъмули сатҳи Замин – WGS84) муайян мекунад. Б.-и радифӣ нисбат ба Б.-и барометрӣ ва радиотехникӣ бартарии зиёд дорад, чунки ба фишори атмосферӣ ва андозагирии масофа то релйефи табиии маҳал вобаста нест. Дар сохтори Б.-и гамма-нурӣ манбаи гамма-афканиш (одатан изотопи 60Со) истифода мешавад. Қабулкунаки он афканиши фотонии аз объектҳои сатҳ инъикосшударо қабул мекунад. Б.-ҳои гамма-нурӣ саҳеҳии калон дошта, ба таъсири халалҳои гуногун, ки ба ченкунии саҳеҳ таъсир мерасонанд, устуворанд. Б.-ҳои гамма-нурӣ барои андоза кардани баландиҳои на он қадар калон (якчанд метр аз сатҳ), асосан дар системаҳои нишасти нарми дастгоҳҳои париши кайҳонӣ истифода мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Волкоедов А. П., Паленый Э. Г. Оборудование самолётов. М., 1980.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баландисанҷ / М. Холов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.