Jump to content

Баландмақом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Баландмақом — сози торию мизробии мусиқии тоҷикӣ.

Хосси мардуми кӯҳистони Бадахшон буда, аз бисёр ҷиҳатҳо ба Баландзиком ва рубоби афғонӣ шабоҳат дорад, ки гӯё аз омезиш ва такмили ин ду соз пайдо шудааст. Аз коса, хазина, даста, қӯпак (сар), торгирҳо (дуто, дар қисмати охири даста ва коса), харак ва гӯшакҳо иборат мебошад. Дарозии умумии Б. 102—105 см. Дарозии косаи Б. ҳамроҳи хазина 72 см, умқи косаву хазина 25-30 см, бари хазина 20-23 см, қутри косааш 25-28 см, дарозии даста 18-20 ва қӯпак (коса) 12-14 см мебошад. Чунин нишондиҳандаҳои фарқ­кунандаи Б. аз дигар созҳои халқӣ таъминкунандаи садои баланду форами он мебошанд. Б. 7 тори асосӣ ва 10 тори резонаторӣ дорад, ки 5-тоӣ дар ду тарафи хазина ҷой­гиранд. Ривоятест, ки ин созро сад сол қабл Мубораки Вахӣ ном шахс ихтироъ кардааст. Б. аксар сози якканавозист, гоҳе вобаста ба мавриди иҷро ба он даф ва ҳофиз ҳамо­воз мешавад.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Кароматов Ф., Нурҷонов Н. Музы­кальное искусство Памира. М., 1978.