Балантидиаз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Балантидиаз
Balantidium coli wet mount.jpg
Balantidium coli as seen in a wet mount of a stool specimen. The organism is surrounded by cilia.
МКБ-10 A07.007.0
МКБ-9 007.0007.0
DiseasesDB 31216
eMedicine med/203 
MeSH D001447

Балантидиáз (лот. balantidiasis) — як навъи бемории ҳайвоноту одам. Балантидиазро содатаринҳо меангезанд. Асосан дар ноҳияҳои хукпарварӣ паҳн гаштааст. Ангезандаи беморӣ балантидияҳо (Balantidium coli) буда, дар рӯдаи ғафси хук, баъзан сагу одам зиндагӣ мекунанд. Ҳангоми балантидиаз фаъолияти рӯда вайрон мешавад.

Манбаи сироят[вироиш]

Манбаи сироят хуки касал аст. Бо ахлоти он систаи балантидия ба хоку фарши хукхона меафтад. Баъди ба рӯда ворид шудан, систаи беҳаракат ба инфузория табдил ёфта, дар девораи рӯда ҷой мегирад ва захмин месозад. Ҳарор. бадани ҳайвони касал баланд мешавад; аз дарун луоби фасоддори хунолуд меояд. Ҳангоми балантидиаз то 50%-и ҳайвони касал нобуд мешавад.

Аломатҳо[вироиш]

Балантидияҳо дар сӯрохи рӯдаи ғафси одам афзоиш карда, ягон нишонаи бемориро ба вуҷуд намеоваранд. Аломатҳои балантидиаз дар мавриди ба девораи рӯда амиқтар рафтани ангезандаҳои беморӣ рух менамоянд.

Навъҳои балантидиаз[вироиш]

Балантидиаз шадиду музмин мешавад. Дар аснои балантидиази шадид бемор табу табларза карда, беҳол мегардад, сару шикамаш дард мекунад, дилбеҳузурӣ ва қай ба вуҷуд меояд; бемор дар як рӯз то 15–20 маротиба қазои ҳоҷат мекунад; наҷосат омехта бо хун ва луоб аст. Беморон зуд лоғар гашта, дар онҳо нишонаҳои беобии организм ба мушоҳида мерасанд. Балантидиази шадид то 2 моҳ идома меёбад. Ҷараёни балантидиази музмин давра ба давра аст. Дар давраҳое, ки аломатҳои беморӣ нест мешаванд, бемор худро хуб ҳис мекунад.

Пешгирии беморӣ[вироиш]

Бо мақсади пешгирии балантидиаз тоза нигоҳ доштани атрофи хукхонаҳо, баъди кор ва пеш аз таом шустани даст аҳаммияти зиёд дорад.

Сарчашма[вироиш]