Jump to content

Балдойтеппа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Балдойтеппахаробаҳои деҳаи асрҳои 5–3 то м. ва а. 3 – ибт. а. 5 м., дар ҳудуди ҳозираи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон.

Дар қабати харобаҳои а-ҳои 5–3 то м. вайронаи ду қабати иқоматӣ – Балдайи-I, Балдайи-II, Балдайи III ва зарфҳои сафолин ёфт шудаанд. Хонаву биноҳои хоҷагӣ дар атрофи саҳни ҳавлӣ ҷой гирифтаанд. Дар қа­бати миёна хазинаи тангаҳои а 3 аҳди Кушониён ва ибт. аҳди Сосониён ёфт шудаанд. Зарфҳои сафолин ба маснуоти сафолини қабати болоии маҷмӯи димнаи Ёвон (Тамошотеппа ва Гарфқалъаи замони Юнону Бохтар) шабо­ҳат доранд. Деҳаи Б. дар а-ҳои 5–3 то м. ва 3–5 м. аз хеле обод будани водии Вахш гувоҳӣ медиҳад.