Балосоғун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Маҳалли аҳолинишин
Балосоғун
Координатаҳо

42°44′47″ а. шим. 75°15′01″ т. ш.HGЯO

Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Балосоғун дар харитаи
Балосоғун
Балосоғун

Балосоғун — вилоят ва шаҳри қадимае дар Осиёи Марказӣ, ки то замони муғулҳо вуҷуд доштааст. Дар маъхазҳои асримиёнагӣ «Балосакун», «Валосакун», «Балосағун», «Балосақун», «Билодсуғур», «Билодсоғун» зикр гардидааст. В. В. Бартолд навиштааст: «Бархе чунин мепиндоранд, ки номи Балосоғун бо номи муғулии “болқосун” ба маънои «шаҳр» иртиботи қавӣ дорад, вале ин назар дар ҳеч як гӯиши туркӣ таъйид намешавад». Роҷеъ ба маҳалли Балосоғун низ ихтилофҳо вуҷуд доранд. Муқаддасӣ Балосоғун-ро аз тавобеи Испиҷоб пиндоштааст. Ёқут Балосоғун-ро шаҳре бузург дар болои рӯди Сайҳун (Сирдарё) дар наздикии Кошғар донистааст. Муаллифи охир дар ҷойи дигар маҳалли Балосоғун-ро муқобили Фороб (Утрор) ва дар шим. ғарбии Чоч зикр кардааст: «маҳалли Балосоғун дуртар аз Чоч ва ҳамон сарзаминҳоест, ки дар он сӯи Чоч воқеанд». Ҳар ду матлаби мазкури Ёқут, бино ба навиштаи В. В. Бартолд, маъхуз аз китоби Самъонӣ мебошанд.

Дар ох. а. 10 миёни туркон нахустин давлати мусулмонӣ зуҳур намуд, ки ба «Қарохониён» ё «Эликхониён» шуҳрат доштанд ва Туркистони Шарқию Ғарбӣ зери тасарруфи онҳо қарор дошта, тахтгоҳашон – Балосоғун дар минтақаҳои Ҳафтрӯд воқеъ буд.

Бино ба ахбори маъхазҳои чинӣ Балосоғун дар сари роҳи Алмалиқ (Кулҷа) ба Талас аз тариқи Туқмоқи канори рӯди Чу (Шу) ҷой доштааст. Григорев Балосоғун-ро ба ш. Хоқони Таркашӣ – «Мадинат Хоқон-ат-Таркашӣ» дар навиштаи Ибни Хурдодбеҳ ва «Қарят Хоқон-ат-туркӣ» дар навиштаи Қудомаи Ҷаъфар як донистааст.

Кошғарӣ таърихи бино шудани Балосоғун-ро ба афсона даромехта, ба Зулқарнайн нисбат додааст. Гардезӣ ва муаллифи «Ҳудуду-л-олам» аз деҳи Суёб дар даврони фармонравоии ябғуҳои қарлуқ (халлух) ёдовар шудаанд, вале ба номи Балосоғун ишорае накарданд. Низомулмулк Балосоғун ва Кошғарро дар ҳамҷавории якдигар донистааст. Ба назар мерасад, ки бояд маҳалли Балосоғун-ро дар минтақаҳои ғарбии Ҳафтрӯд– канори рӯди Чу (Шу) ҷустуҷӯ кард, ки акнун дар он ҷо шаҳракҳои бисёре ба вуҷуд омадаанд. Бартолд В. В. бо истинод ба навиштаҷоти Низомулмулк таъкид кардааст, ки дар ҳудуди с. 942 мусулмонон бар зидди туркон ҷангида, Балосоғун-ро тасхир карданд. Маълумоти замони Эликхониён (Қарохониён) дар бораи Балосоғун парешон ва зидди ҳамдигаранд.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Бартольд В.В. Сочинения. Т. 2, ч. 2; Т. 3. М., 1963–1973.
  • ابوالفدا.تقویم البلدان./ به کوشش رینو و دسلان. پاریس، ۱۸۴۰؛
  • ابن خردادبه. المسالک و الممالک. به کوشش دی - گوی. لیدن، ۱۸۸۹-۱۳۰۶؛
  • قاشغری محمود. دیوان لغات ترک. استانبول، ۱۳۳۵-۱۳۳۳؛
  • حبیبی عبدالحی. حاشیه و تعلیقات بر «طبقات ناصری» منهاج سراج کابل، ۱۳۴۲؛
  • دهخدا. لغتنامه. ج ۱۴. تهران، ۱۳۴۴؛
  • گردیزی. زین الاخبار/ به کوشش حبیبی ابدالحی. تهران، ۱۳۴۷؛
  • دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. ج۱۲. تهران، ۱۳۸۳؛
  • نظام الملک. سیاستنامه/ به کوشش ح. دارک. تهران، ۱۳۶۴.

Сарчашма[вироиш]