Jump to content

Арча

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Балхарча)
Арча
Можжевельник китайский
Можжевельник китайский.
Общий вид растения.
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Juniperus L., 1753
Мутародифот
Номенклатурный тип

Арча, бурс (лот. Juníperus) — як навъ дарахт ё буттаест ҳамешасабз.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баргҳояш сӯзаншакл, нештармонанд ва пулакчасон (рӯ ба рӯи якдигар ё гирдогирд ҷойгир шудаанд). Мевааш чалғӯза буда, бо пулакчаҳо (1 — 10 тухм дорад) пӯшида шудааст.

Дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар кӯҳҳои Тоҷикистон (1200 — 3700 м аз с. б.) 4 намуди арча — маҳинбурс, паттаарча, сарварча ва хорбурс месабзад.

Маҳинбурс (Juniperus seravschanica) то 10 — 13 м қад мекашад. Баргаш пулакчамонанд, чалғӯзааш калон, бунафши тира ё сиёҳ, 2 — 8 дона тухм дорад. Дар нишебии қ-кӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Вахш, Пётри I, Боботоғ, Ғозималик ва Сарсарак (800—2500 м аз с. б.) мерӯяд. Аз навдаи сабзи маҳинбурс равғани эфир мегиранд, ки он дар атриёту собунпазӣ, саноати шаробкашӣ, барои муолиҷаи ҷароҳат (чун воситаи тамйиз) ва дар пажӯҳишҳои микроскопӣ бо номи «равғани арча» истифода мешавад. Барг, пӯстлох ва меваи хоми маҳинбурс моддаҳои даббоғӣ доранд. Аз чӯби маҳинбурс қалам месозанд. Маҳинбурс нисбат ба дигар намудҳои арча дар поёнтари кӯҳҳо мерӯяд. Бинобар ин онро одамон бисёр буридаанд ва дар аксар ҷойҳо хеле кам мондааст.

Паттаарча (Juniperus sibirica) мисли бутта буда, баргаш хор дорад; навдааш ғафс, сеқирра, чалғӯзааш сиёҳ, 2 — 3 дона тухм дорад. Дар кӯҳҳои Тоҷикистон асосан дар нишебиҳои санглох (дар баландии 2500 — 3700 м аз с. б.) дучор мешавад. Дар баъзе мавзеъҳои Помиру Олой (мас., дар Ванҷ ва дар қисми шарқии қ-кӯҳи Пётри I) буттазори анбӯҳ ҳосил мекунад. Паттаарча ба сармо тоб меоварад.

Сарварча (Juniperus semiglobosa) то 10 — 18 м қад мекашад, шохчаҳояш чун химчаҳои маҷнунбед овезон мебошанд, баргаш сӯзаншакл (дар дарахтони 5 — 10-сола) ва пулакчамонанд (дар дарахтони пир), чалғӯзааш сиёҳи кабудтоб, 2 — 3 дона тухм дорад. Дар Помиру Олой, Тиёншони Ғарбӣ ва Марказӣ паҳн шудааст. Сарварча дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистон (аз қ-кӯҳҳои Қурама то кӯҳҳои Помири Ғарбӣ; дар баландии 2000—2500 м аз с. б.) мерӯяд. Чӯбаш хушбӯй, сурхчатоби зифтдор аст.

Хорбурс, балхарча (Juniperus turkestanika) то 10 — 18 м қад мекашад; баргаш лӯлашакл, навдааш чорқирра, чалғӯзааш сиёҳи байзашакл, як дона тухм дорад. Дар қ-кӯҳҳои Осиёи Миёна, Тиёншон ва Помиру Олой паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон дар нишебиҳои қ-кӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Қаротегин, Пётри I (2000 — 3700 м аз с. б.) мерӯяд. Дар баландиҳои зиёда аз 2800 — 3700 м шоху навдааш ба рӯи замин паҳн мегардад. Чӯби хорбурс хушбӯй ва хушнамуд аст.

Арчазорҳо барои хоҷагии халқ аҳамияти калон дошта, хокро аз эрозия ҳифз менамоянд, нишебии кӯҳҳоро мустаҳкам мегардонанд.