Балхова, Светлана Ёқубовна

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Балхова, Светлана Ёқубовна

Балхова (Мухторова) Светлана Ёқубовна (тав. 21. 9.1946, Душанбе) — забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (1992).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултети забонҳои хориҷии Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе (ҳоло ДДОТ; 1969). Фаъолияти корияшро аз соли 1970 дар донишкадаи мазкур оғоз намуда, то соли 1996 дар кафедраҳои типологияи муқоисавӣ ва лексикаи забони англисӣ, фонетика ва лексикаи забони англисӣ дар вазифаҳои муаллими калон, мудири кафедра, профессор кор кардааст. Ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалии ДСРТ (1996–2004), профессори кафедраи забони англисии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода (2006–11). Аз соли 2011 профессори кафедраи лингвистикаи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар шаҳри Душанбе. Муаллифи беш аз 50 асари илмӣ, аз он ҷумла монографияҳо, мақолаҳо, дастурҳои таълимию методӣ ва ғ. Асосан ба омӯзиши муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ (артиклҳои номуайянӣ, феълҳо, хабарҳо, масдарҳо, ҷумлаҳои сода, сифати феълӣ ва ғайра) машғул аст. Доир ба таълими адабиёти Амрико, муқоисаи ҷумлаҳои содаи англисию тоҷикӣ дастури таълимӣ таълиф кардааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Очерки по сравнительной типологии английского и таджикского языков. Д., 1989;
  • Типология сложной предикативности. Д., 1991.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]