Jump to content

Балъамиён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Балъамиён (форсӣ: بلعمیان‎), Хонадони балъамӣ — хонадони машҳури вазирони аҳди Сомониён, ки дар саҳнаҳои сиёсату давлатдорӣ ва илму адаби давлати Оли Сомон нақши муҳим бозидаанд.

Намояндагони ин хонадон дар ватандӯстию миллатпарварӣ, эҳсону саховат, махсусан дилбастагӣ ба забону адаби аҷдоди хеш ва интишори он дар муҳити нави таърихӣ нақши муҳим бозидаанд. Донишмандону таърихнигорони баъдӣ саҳми Балъамиёнро дар таҳкими давлату давлатдории тоҷикон ҳамеша таъкид кардаанд. Барҷастатарин намояндагони ин хонадон Абулфазли Балъамӣ ва Абуалии Балъамӣ ба шумор мераванд. Вазири аъзами Салҷуқиён – Низомулмулк дар «Сиёсатнома»-и хеш роҷеъ ба вазиру вазорат сухан ронда, Сомониёну Балъамиёнро ба ҳам қарин донистааст. Шоир Кисоии Марвазӣ (охири садаи 9 ва аввали садаи 10) дар як қасидаи ба устод Рӯдакӣ бахшидааш бо дарду дареғ аз замони рафтаи Сомониён ёд карда, ин хонаводаро ба хотир меорад:

Ба аҳди давлати Сомониёну Балъамиён
Ҷаҳон набуд чунин, бо ниҳоду сомон буд.

Аксари муаллифони араб хонадони Балъамиёнро аз тоифаи Банӣ Тамим ва аз нажоди араб дониста, зодгоҳи аслии онҳоро мавзеи Балъами Рум пиндоштаанд. Ин шояд марбут ба он бошад, ки арабҳо ба хотири интишори имтиёзи нажодии хеш дар асрҳои миёна насабномаҳо дуруст мекарданд ва кӯшидаанд шаҷараи ашхоси муътабари ҷаҳони исломро бо қабилаҳои тоисломии бадавӣ пайванд диҳанд. Вале маводду мадорики таърихӣ ва таҳқиқотии донишмандон (Саид Нафисӣ, Азизуллоҳи Баёт ва диг.) шаҳодат медиҳанд, ки арабҳо мавзеи Балъамони Марвро бо қарияи Балъами Рум иваз намудаанд. Ҳамаи намояндагони хонадони Балъамиён умри хешро дар Мовароуннаҳру Хуросон – шаҳрҳои Нишопур, Сарахс, Марв, Самарқанду Бухоро ва ғ. гузаронда, дудмонашон аслан зодаву парвардаи Марв буда, баъдан дар Бухоро рахти иқомат афкандаанд.

  • Донишномаи Сомониён. Ҷ. 1. Д., 2008.