Балюк Василий Матвеевич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Балюк Василий Матвеевич
Навъи фаъолият:

пахтакор

Санаи таваллуд:

23 ноябр 1916(1916-11-23) (102 сол)

Зодгоҳ:

деҳаи Кегчавскийи вилояти Харков, ҶШС Украина

Ҷоизаҳо:
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1948
Ордени Ленин
Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени «Нишони Фахрӣ»

Балюк Василий Матвеевич (тав. 23 ноябри 1916, деҳаи Кегчавскийи вил. Харкови Украина — ?) — агроном, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Устоди пахтаи ҶШС Тоҷикистон (1953).

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи Донишкадаи кишоварзии Харков (1936). Солҳои 1936-49 агроном, 1949—1955 директори пойгоҳи мошину трактори (МТС) ноҳияҳои Турсунзода ва Рӯдакӣ, 1955—1962 муовини раиси комиҷроияи ноҳияи Мир Саййидалии Ҳамадонӣ, 1963—1978 сарагрономи раёсати кишоварзии ноҳияи Ваҳдат. Аз соли 1979 нафақагири шахсӣ.

Ордену мукофотҳо[вироиш]

Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», медалҳо, Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]