Jump to content

Василий Балюк

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Балюк Василий Матвеевич
Таърихи таваллуд 23 ноябр 1916(1916-11-23)
Зодгоҳ деҳаи Кегчавскийи вилояти Харков, ҶШС Украина
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1948
Ордени Ленин
Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени «Нишони Фахрӣ»

Балюк Василий Матвеевич (тав. 23 ноябри 1916, деҳаи Кегчавскийи вил. Харкови Украина — ?) — агроном, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Устоди пахтаи ҶШС Тоҷикистон (1953).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишкадаи кишоварзии Харков (1936). Солҳои 1936-49 агроном, 1949—1955 директори пойгоҳи мошину трактори (МТС) ноҳияҳои Турсунзода ва Рӯдакӣ, 1955—1962 муовини раиси комиҷроияи ноҳияи Мир Саййидалии Ҳамадонӣ, 1963—1978 сарагрономи раёсати кишоварзии ноҳияи Ваҳдат. Аз соли 1979 нафақагири шахсӣ.

Ордену ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», медалҳо, Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.