Банг
| Банг | ||
|---|---|---|
| ||
| Таснифи илмӣ | ||
| Lua error in Модул:Taxonomy/classification at line 72: attempt to concatenate a boolean value. | ||
| Номи илмӣ | ||
|
ХАТО Параметри лотинӣ набояд холӣ бошад |
||
| ||
Бáнг (лот. Cannabis indica) — гиёҳест яксола. Аввалин бор дар Аврупо оид ба банг олими фаронсавӣ Ж. Ламарк (соли 1783) маълумот додааст.
Тавсифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Пояаш рости сершох, баландиаш то 1–3 м. Баргаш паҳн, сабзи кабудтоб, баъзан рахҳои сурхча дорад. Хӯшагулаш (чалғӯза) калон, тухмгирд. Дар Афғонистон, Ҳиндустон, Туркия, Сурия, Покистон ва Африқои Шимолӣ асосан барои истеҳсоли маводди мухаддир (нашъа, банг, чарс, марихуана) ва равған истифода мешавад. Оид ба хосиятҳои нашъаоварии банг ҳанӯз олими Юнони Қадим Ҳеродот маълумот дода буд. Таъсири банг психотропӣ ва таваҳҳумовар аст. Дар натиҷаи истифодаи маводде, ки аз банг истеҳсол шудааст, фаъолияти силсилаи марказии асаб хароб гашта, узвҳои ҳаётан муҳим аз кор мебароянд. банг ва маводди он мансуби моддаҳои мухаддир буда, зери назорати сахти мақомоти вижаи байналмилалӣ қарор доранд. Кишти банг дар бисёр мамолики дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, қатъан мамнӯъ аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Банг // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
