Jump to content

Бандаи Табрезӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бандаи Табрезӣ
Навъи фаъолият: шоир

Бандаи Табрезӣ (форсӣ: بندۀ تبریزی‎) Мирзо Аҳмади Разӣ, мутахаллис ба Банда (с. тав. номаълум – ваф. 1844/5) — хушнавис, шоир ва муаррихи аввалҳои асри қоҷория, аз ашрофзодагони Озарбойҷон. Падараш Мирзомуҳаммади Шафеъ муддате вазири Озарбойҷон ва муставфии Нодиршоҳи Афшор буд. Бандаи Табрезӣ пас аз даргузашти падар ба дарбори Каримхони Занд рӯй овард. Баъд дар оғози таъсиси давлати Қоҷор ба ин хонадон пайваст, муставфӣ ва соҳиби девони расоил гашт. Дар дарбори Фатҳалӣ – шоҳи қоҷор (ҳукмр. 1833–1872) эътибор пайдо кард ва аз муставфиён ва муншиёни хоссаи вай гардид. Ӯ ҳамчунин танзим ва нигориши расоил, номаҳо, ҳукму фармонҳоро ба забонҳои арабӣ, туркӣ ва чағатойӣ ба уҳда дошт. Ашъори Бандаи Табрезӣ андак аст ва бештар шеърҳои мадҳӣ гуфтааст.

Бандаи Табрезӣ хушнависи чирадаст буд ва настаълиқу шикастаро бисёр хуб ва мумтоз менавишт. Осори хаттии ӯ иборат аст аз: 1) «Зайн-ут-таворих», таърихи умуми машриқзамин, хосса Эрон аз оғози офариниши одамон то давлати Фатҳалишоҳи қоҷор, ки ба дастур ва ба номи вай дар ҳудуди с-ҳои 1839–43 навишта шудааст; 2) «Ҳаводиснома», ё «Таърихи футуҳот», ё «Рӯзномаи Наромон», ё «Таърихи Наполеон»; 3) рисолаи «Ишқ ва Рӯҳ» ё «Ҳусн ва Дил». Ӯ ин рисоларо бо хоҳиши дӯсташ Мирзо Яҳё навиштааст. Нусхаи он таҳти рақами 3613 дар китобхонаи марказии Донишгоҳи Теҳрон маҳфуз аст; 4) Номаҳои Мирзо Разӣ.

  • احمد بن فرامرز اختر. تذکرۀ اختر. جلد. ۱/ چاپ عبدالرسول خیامپور. تبریز، ۱۳۴۳، ش.