Бандар Аббос
Шаҳр | |||
форсӣ: بندر عباس | |||
|
|||
27°12′ с. ш. 56°15′ в. д.HGЯO | |||
Кишвар | Эрон | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Баландии марказ | 9 м | ||
Минтақаи замонӣ | UTC+03:30[d] | ||
Аҳолӣ | |||
Аҳолӣ | 367 508 тан (2006) | ||
Шиносаҳои ададӣ | |||
Пешшумораи телефон | 0761 | ||
Нишонаи почта | 79177 | ||
bandarabbas.ir | |||
|
|||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Бандар Аббос (форсӣ: بندر عباس) — шаҳри бандарӣ дар қисми ҷануби Эрон, дар соҳили халиҷи Форс. Пойтахт ва яке аз шаҳрҳои калонтарини устони Ҳурмузгон аст. Аҳолиаш 367 508 нафар (2012). Фурудгоҳи байналмилалӣ дорад.[1].
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Бандар Аббосро дар садаи 16 португалиҳо зери тасарруфи худ гирифта, Гамру номгузорӣ карданд. Соли 1615 он ба шарафи шоҳи Форс Аббоси 1 (1588–1629) Бандар Аббос номгузорӣ шуд. Баъди ғолибият бар португалиҳо дар муҳорибаи баҳрии назди гул. Ҳурмуз, Шоҳ Аббос онро бо дастгирии флоти баҳрии Британия ба шаҳри бузурги бандарӣ табдил дод.
Шоҳроҳи автомобилгард Бандар Аббосро бо шаҳрҳои Кирмоншоҳ, Шероз ва Зоҳидон мепайвандад. Иқлимаш гарми камбориш (ҳарор. июл +490С, янв. +50С), миқдори миёнаи бориши солона – тақр. 250 мм, намнокии миёна–66%. Дар Бандар Аббос Донишгоҳи исломӣ, Донишгоҳи Ҳурмузгон ва Донишгоҳи тиббӣ амал мекунанд. Моҳидорӣ, тиҷорати меваҳои ситрусӣ, тамоку ва хурмо ривоҷ ёфтааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бандари Аббос // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- iranica Бандар-Аббос(пайванди дастнорас)