Банд (пайванди устухон)
Банд, мафсил (лот. articulatio) — пайванди мутаҳаррики байни устухонҳо ё тағояк, ки байни онҳо роғ (диартрозҳо) мавҷуд аст.
Банд яке аз тарзҳои пайваст шудани устухонҳост. Пайванди беҳаракати устухонҳоро васла (синартроз) меноманд. Банд ҳамзамон вазифаи такя ва ҳаракатро низ иҷро мекунад. Банд аз интиҳо (сатҳи устухон), халта ва ҷавф иборат аст. Дар бештарин мавридҳо як тарафи банд барҷаста ва тарафи дигари он фурӯхамида мебошад. Банд ғайр аз унсурҳои асосӣ, ҳамчунин ҳосилаҳои ёвар низ дорад (мас., диск, исфанҷ, моҳак ва ғайра). Интиҳои устухонҳои банд дар халтаи банд ҷойгир шудааст. Халтаи банд аз бофтаи пайвандӣ ҳосил мешавад. Андаруни онро пардаи зулолӣ (синовиалӣ) фаро гирифтааст. Пардаи зулолӣ аз худ шилм ҷудо карда, лағжиши бемонеаи бандро таъмин менамояд. Бандҳо аз ҳисоби шохчаҳои наздиктарини артерия бо хун таъмин мешаванд; онҳо дар халтаи банд шабакаи зичи анастамозҳоро ба вуҷуд меоваранд. Бандеро, ки аз ду устухон ташаккул ёфтааст, банди сода ва бандеро, ки аз чанд устухон ба вуҷуд омадааст, банди мураккаб меноманд. Банд ба таъсири омилҳои беруна — сармо, сирояти ангезаи бемориҳо, лат хӯрдан, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва ғ. ниҳоят ҳассос аст. Баъзе бемориҳо (мас., тарбод) боиси тағйир ёфтани шакли банд мегарданд. Ба бемориҳои асосии банд мансубанд: анкилозҳо, синостозҳо, артрогрипоз, тарбод, хондродисплазия, гемартроз, артритҳо ва ғ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Банд / С. Қурбонов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.