Мева
Зоҳир
(Тағйири масир аз Бар)
Мева, бар (лот. fructus, юн. καρπός) — сохторе дар гиёҳон, ки аз нумувви девораи тухмдон ҳосил мешавад ва дона ё донаҳои расидаро дар бар мегирад[1].
Ҳангоме, ки дар ошпазӣ баҳс аз мева ва сабзиҷот ба унвони ғизо мешавад, ин вожа маъмулан фақат ба меваи гиёҳоне гуфта мешавад, ки ширину гӯштдор ҳастанд монанди олу, себ, афлесун ва ғайра, дар ҳоле ки гурӯҳи бисёр зиёде аз сабзиҷоти маъмулӣ, мағзҳо ва ғаллот, меваи гиёҳони худ маҳсуб мешаванд. Меваҳое, ки маъмулан дар ошпазӣ ва хӯрокӣ ҷузви меваҳо ба ҳисоб намеоянд иборатанд аз кадуҳо, картошка ва филфили сабз.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ. Мева чист? Маънии мева(тоҷ.). vazhaju.tj. Вожаҷӯ. 26 Январ 2023 санҷида шуд.