Jump to content

Барасмиятшиносӣ (эътироф)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Барасмиятшиносӣ дар самти ҷомеашиносӣ маънои эътирофи мақом ё эътибори шахс дар ҷамъиятро ифода мекунад (масалан, эътироф аз рӯи дастовардҳо, фазилатҳо, хидматҳои шоиста ва ғ.).[1]

Дар соҳаи равоншиносӣ бошад, ҷустуҷӯи аз ҳад зиёди эътироф ҳамчун яке аз хислатҳои муайянкунандаи ихтилоли шахсияти худшефта шуморида мешавад. [2]

Маънои дигари эътироф ин ба касе мақоми махсус доданро дорад (ба монанди унвон ё таснифот). [3]

Ба гуфтаи Чарлз Тейлор, эътирофи ҳуввияти кас ҳам ниёзи асосӣ ва ҳам ҳаққи ӯ буда, эътироф накардан ё ношинохтан ҳамчун як навъ зулм нисбати (шахсияти) ӯ дониста мешавад. [4]

Дар ҷои кор, эътироф барои баланд бардоштани фаъолнокии кормандон, интизоми беҳтари мунтазамона, эътимоди хуб ба созмон/корхона, нияти мондан ва қаноатмандӣ аз роҳбарият мусоидат карда метавонад. [5] [6] [7] Бархе мутаффакирон ба монанди Алфи Кон дар китобаш «Panished by Rewards (Ҷазо тавассути таъриф)» хатари ситоиш намудан (мисол, таъриф кардани коргарон) барои изҳори эътирофро ишора кардааст. Зеро, ба кавли ӯ, ситоиш метавонад дар кӯтоҳмуддат амали мутобиқ бошад, аммо дар дарозмуддат метавонад ба сифати кор ва фаъолнокии кормандон таъсири манфӣ расонад. [8]

Барасмиятшиносии адолат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Барасмиятшиносӣ ё эътирофи адолат як назарияи адолати иҷтимоӣ аст, ки эътирофи шаъну шарафи инсонӣ ва фарқияти байни гурӯҳҳои субалтернӣ (пасоистеъморгароӣ) ва ҷомеаи бартаридоштаро таъкид мекунад. Файласуфони иҷтимоӣ Аксел Ҳоннет ва Нэнси Фрейзер ба тағйири назарияҳои адолат дар асри 21 аз адолати тавзеъӣ (ки барҳам додани нобаробарии иқтисодиро таъкид мекунад) ба сӯи эътирофи адолат ва аз байн бурдани таҳқиру беэҳтиромӣ ишора мекунанд. Гузариш ба сӯи барасмиятшиносии адолат бо афзоиши сиёсатҳои ҳувиятӣ алоқаманд аст.

Оқибатҳои сиёсии эътирофи адолат нисбат ба адолати тавзеъӣ норавшантар аст, зеро эътироф захирае нест, ки аз нав тақсим карданаш имконпазир бошад, балки таҷрибаи феноменологии одамон ва гурӯҳҳост.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Эҳтиром
  • Эътироф пас аз марг
  • Ташхиси ном(зад)
  • Девори эътирофи донорҳо
  • Шӯҳрат (шараф)
  • Аксел Ҳоннет
  • Мишел Сеймур
  1. recognition | Definition of recognition in English by Oxford Dictionaries. Oxford Dictionaries | English. 21 феврали 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 сентябри 2016.
  2. Narcissistic personality disorder - Symptoms and causes(англ.). Mayo Clinic. 15 май 2022 санҷида шуд.
  3. Definition of RECOGNITION(англ.). www.merriam-webster.com. 15 май 2022 санҷида шуд.
  4. Taylor (1992). «The politics of recognition».
  5. Forever Recognize Others' Greatness. www.goodreads.com. 31 май 2019 санҷида шуд.
  6. Recognition is Not Fluffy Stuff: Why Acknowledging Your People is Good for Business - CPHR Manitoba. www.cphrmb.ca. 31 май 2019 санҷида шуд.
  7. The Secret to Motivating Your Team(англ.). Forbes. 21 феврали 2019 санҷида шуд.
  8. Kohn, Alfie (1993). Punished by rewards. Houghton Mifflin Co. pp. 41,96. ISBN 978-0-618-00181-1.