Барафшон
Зоҳир
«Барафшон»
- оҳангу таронаи мавсимию маросимӣ. ки дар замони Сосониён (222/24–651) Борбад барои ҷашну маросимҳои Хусрави Парвиз (590–628) эҷод карда, мансуб ба маҷмӯи лаҳнҳои ӯст;
- зарби бисёр маъмул дар эҷодиёти шеърию мусиқии санъати мақомҳо («Дувоздаҳмақом»). «Барафшон»-ро бештар аҳли мусиқӣ дар мақоми «Ҳусайнӣ» истифода бурда, гӯшаҳои «Ҳусайнӣ» ва «Бастанигор»-и шуъбаи «Муҳайяр» бо ин зарб иҷро мешудаанд. Вазни «Барафшон» аз 7 зарб (5 зарби вазнин ва 2 зарби сабук) иборат аст. Атонинаш: тан тан тано дар тан.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Раджабов А. Борбад: эпоха, традиции и новаторства. Д., 2010;
- Раҷабов А. Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои 1V–V11. Д., 2011.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Барафшон / А. Раҷабов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.