Jump to content

Барбарият

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Барбаризм)

Барбарият, барбаризм — истилоҳи иҷтимоиест, ки нисбати ашхоси алоҳидаи бемаърифату бефарҳанг, ваҳшитабиат, харобкор, қотил, бемурувват, ҳайвонсифат ё гурӯҳи одамон ва ё қабоили ҷудогона, ҳатто дар даврабандии таърихӣ дар бисёр мамлакатҳо кор фармуда мешавад.

Барбарият аз номи қабоили барбар (вожаи юнонии barbaros) – ҳамаи онҳое, ки ба забону фарҳанги юнонӣ мансуб набуданд – гирифта шуда, минбаъд дар байни соири миллату халқиятҳо маъмул гардид. Юнониён Шарқро сарзамини барбарҳо медонистанд. Як вақтҳо юнониҳою румиҳо барбарҳо гуфта олмониҳоро дар назар доштанд ва дар асри аввали милодӣ вазъе дар Олмон ба вуҷуд омад, ки номи онро ҷанги барбарҳо меномиданд. Он барои барҳам додани сохти ғуломдорӣ ва ташаккули сохти феодалӣ дар Рум мусоидат кард. Вожаи Б. комилан мухолифи маънои калимаи башардӯстӣ (гуманизм) аст. Симои бадтар аз хислатҳои ҳайвонии ин қабил инсонҳоро дар амалу ҷиноятҳои хусусӣ ва гурӯҳии онҳо дидан мумкин аст. Ин хислатҳо ва симои ҳақиқии онҳо вақте зоҳир мешавад, ки барои манфиатҳои шахсӣ аз ҳеч як амали зишт рӯ намегардонанд. Вале бо вуҷуди дар забонҳои гуногуни дунё роиҷ будани чунин истилоҳ маънои онро набояд ба қабоилу халқиятҳои ба барбар итлоқшуда талаққӣ кард. Зеро ба ишораи Деҳхудо «Барбарҳо миллатҳою қабилаҳои бешуморе ҳастанд ва ҳар мавзеъ ба қабилаҳое аз онҳо, ки дар он сукун доранд, номида шудааст». Мас., Муҳаммади Нурӣ муътақид аст, ки барбарҳо номи умумии қабилаҳое дар шим. Африқо мебошад, ки баъдтар ба дигар нукоти ҷаҳон, аз ҷумла Аврупою Испания интишор ёфтаанд. Пешниҳоди файласуфи шотландӣ (с-ҳои 60 садаи 18) А. Фергюсон роҷеъ ба Б. баъдтар дар илм ҳамчун табақабандии давраҳои таърихӣ роиҷ гардид ва ин табақабандӣ аз се зинаи таърихӣ иборат буд: ваҳшоният, барбарият ва тамаддун. Файласуф Л. Г. Морган ин табақабандии таърихиро ҷиддан асоснок намуда, ибтидои онро кулолӣ ва интиҳояшро ба пайдоиши хат марбут медонист («Ҷамъияти қадим», М., 1877; тарҷ. русӣ 1935). Табақабандии Морганро Ф. Энгелс ҳам маъқул донистааст («Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат», дар кит. Маркс К. ва Энгелс Ф., Куллиёт, ҷ. 21). Вале аксари олимони муосири соҳа табақабандии Морганро кӯҳнашуда ва аз эътибор соқитшуда маҳсуб медонанд. Илми муосир табақабандии нави моқабли таърихро пешниҳод кардааст.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Толстов С. П. К вопросу о периодизации истории первобытного общества// Советская этнография. №1, 1946;
  • Большая советская энциклопедия. Т. 2. М., 1975;
  • Девонақулов А. Асрори номҳои кишвар. Д., 1989;
  • دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. ج.۲. تهران، ۱۳۸۱؛
  • آریانا دائرة المعارف. ج.۲. کابل ۲۰۰۸.