Барбат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Барбат
Oud - MIM PHX.jpg
جعبه اطلاعات ساز
هورن‌بوستل-زاکس 321.321-6
سازهای مرتبط

Барбат — аз асбобҳои қадимии тордори мусиқӣ, ки ба синаи мурғобӣ шабоҳат дошта кӯтоҳ аст. Дар асрҳои 11-12 он аз чор тор (бам, муссалас, мусанно, зер) иборат буда, бо мурури замон ҳофизону бастакорон, навозандагону мусикишиносони форс-тоҷик - Залзали Розӣ, Исҳоқи Мавсилӣ (асрҳои 8-9), Исои Барбатӣ (асри 11) ва диг. тору парда, усулҳои навозиш ва сохти Барбатро тағъир ва такмил додаанд.

Барбат- сози қадимаи тории захмавии мусиқӣ аз ихтирооти мардуми эронинажод аст. Барбат аслан калимаи форсӣ-тоҷикӣ буда, аз ду калима – «бар» (ба маънои сина, паҳлу) ва «бат» (мурғобӣ) таркиб ёфтааст. Косаи Барбат бар тақлиди синаи мурғобӣ (дастааш кӯтоҳ) сохта шудааст. Аввал чунин навъи Барбат маъмул буда, дар аҳди Хилофати араб онро Барбати шабутӣ (дастакӯтоҳ) меномиданд.

Барбат дар замони салтанати Сосониён дар байни арабҳо шӯҳрат ёфт. Аввалин арабе, ки Барбатро ба кишвараш бурда, навохтани онро ба ҳамдиёронаш ёд дод, Наср ибни Ҳорис ибни Калада аст. Барбат аввал дар Ҳиҷоз, сипас дар дигар шаҳрҳои араб маъмул гашт. Навозандагон онро дар бағал гирифта бо захма менавохтанд. Бино ба тавсифи Асадии Тусӣ («Луғати фурс») ин соз назди аъроб бо номҳои «Ал-барбат» ва «ал-уд» машҳур будааст. Сози форсиён будани Барбатро Абдуллоҳ Котибии Хоразмӣ («Мафотиҳ-ул-улум») ва муаррих Ибни Хурдодбеҳ ёдрас шудаанд. Ибни Хурдодбеҳ дар асараш «Ал-лавҳ-ул-малоҳӣ» навиштааст: «мусиқии форсиён бо барбатҳо ва чангҳост ва ин созҳо аз они эшон аст. Форсиён барои барбатҳо нойро баргузиданд ва барои танбӯрҳо дуной ва барои таблҳо сурнай ва барои чангҳо зангро» офариданд. Барбат аввал аз 4 тор, яъне бам, зер, мусаллас, мусанно иборат буда, ба қавле Форобӣ ба он тори панҷум – «мутлақ»-ро илова кардааст. Бо мурури замон ҳофизону оҳангсозон, навозандагону мусиқишиносони форс-тоҷик – Иброҳим ва Исҳоқи Мавсилӣ, Залзали Розӣ (а. 8), Исои Барбатӣ (а. 10) ва дигар тору парда, усулҳои навозиш ва сохти Барбатро тағйир ва такмил додаанд. Суннати иҷроии Барбат дар замони Сомониён (819 – 1005) ва садаҳои баъдӣ хеле рушд намуда, устодоне чун Абулаббоси Бахтиёр, Исои Барбатӣ, Ротибаи Барбатӣ (асрҳои 9 – 10) ва диг. дар ин соз асарҳои бисёре тасниф кардаанд. Барбат аз асрҳои 12 – 13 ба Европа интиқол ёфта, дар дастаҳои ҳунарӣ истифода шудааст. Барбат холо дар истифода нест.

Нигаред[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Абунасри Форобӣ, Китоби бузурги мусиқӣ, Т., 1375 ҳ. ш.;
  • Абуалӣ Ибни Сино, Донишнома (Мусиқии Донишнома). Се рисолаи форсӣ дар мусиқӣ, Т., 1376 ҳ. ш.; Котибии Хоразмӣ, Мафотиҳ-ул-улум, Т., 1346 ҳ. ш.;
  • Фарҳанги Рашидӣ, Теҳрон, 1963;
  • Фарҳанги форсӣ, Т., 1963;
  • Фарҳанги Амид, Т., 1966;
  • Донишномаи Шашмақом, Д., 2009;
  • Раджабов А., Борбад, эпоха, традиция и новаторства, Д., 2010;
  • Раҷабов А., Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои 1V – V11, Д., 2011.

Манбаъ[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.