Баргак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Баргак — як навъ маснуоти заргарист, ки аз тило, нуқра ва мис сохта мешавад. Баргак аз зевароти маъмули занона буда, шаклан шабеҳи барги бед, сафедор, тухми харбузаю офтобпараст ва баъзан ромбшакл аст. Ин унсурҳои ороишро «барги тӯморча» ё «барги найза» низ меноманд. Дар бисёр овезаҳо баъзан ду доирачаи хурд ва ҷузвҳои ромбшакли ороишот ба назар мерасанд. Баргак дар санъати заргарии тоҷикон васеъ паҳн гашта, дар гарданбанд, пешонабанд, қоштило, тӯмор, овезаҳои гӯшвораҳо истифода мешуд. Дар Хуҷанд, Ӯротеппа, Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Тошкент ва Панҷакент дар гарданбанд баргакро ҳамроҳи марҷон истифода мекарданд. Одатан гарданбанд, пешонабанд, тӯмор ва қоштилои баргакдорро арӯсон аз рӯзи тӯйи арӯсӣ то таваллуди нахустин фарзанд мебастанд. Унсурҳои ороишоти баргаки тумормонанд дар санъати гулдӯзии мардуми тоҷику ӯзбек (чодар, сӯзанӣ) низ истифода мешаванд. Гӯшвораву ангуштаринҳо ва овезаҳои баргакдори гардан дар санъати заргарии ҳозира маъмуланд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]