Баргардониш
Баргардониш — яке аз навъҳои санъатҳои бадеӣ, аз гурӯҳи санъатҳои бадеии лафзист. Ин санъати бадеӣ барои он баргардониш ном гирифтааст, ки калимаву ибораҳои мисраи аввали байт дар мисраи дуюм баргардонда (такрор) мешаванд. Дар илми бадеъ калима, ибораи аввали байт садр, калима, ибораи охири байт аҷуз, охири мисраи аввал арӯз, аввали мисраи дуюм ибтидо, калимаҳову ибораҳои миёни мисраъҳо ҳашв ном доранд. Вобаста ба ин баргардонишро рад-ус-садр ила-л-аҷуз ва раду-л-аҷуз ила-с-садр (яъне омадани садр ба ҷойи аҷуз ва аҷуз ба ҷойи садр) низ мегӯянд. Такрор, гузариши калимаҳо аз як ҷой ба ҷойи дигар бо мақсади пурқуввату таъсирбахш кардани фикр, ифодаи ҳиссиёту ҳаяҷон сурат мегирад:
Ишқи ту дар ҷони ман, эй ҷони ман,
Оташе зад дар дили бирёни ман.
Дар дили бирёни ман оташ мазан,
Раҳм кун бар дидаи гирёни ман.
Дидаи гирёни ман пурхун мадор,
Дарнигар охир ба сӯзи ҷони ман.Аттор
Дар шеъри шоирони гузашта ва муосири тоҷик, асосан, ду навъи аргардониш ба назар мерасад: 1) калимае, ки дар садр омадааст, боз дар аҷуз такрор мешавад:
Қарор аз дили ман рабуд он нигор
Бад-ин анбарин турраи беқарор.
Нигор аст рухсораи ман зи хун
Зи ҳиҷрони рухсораи он нигор.
Хумор аст дар сар маро бешароб,
Дар андӯҳи он наргиси пурхумор.
2) калимаи миёнаи мисраи аввал дар охири мисраи дуюм меояд:
Аз хаёли он қади раъно гузаштан мушкил аст,
Рост мегӯям, бале, аз ростӣ натвон гузашт.
Ёр бигзашт аз ҳама хандону аз мо хашмнок,
Умр бар ман мушкилу бар дигарон осон гузашт.
Чун гузашт аз дил хадангаш, гӯиё тири аҷал,
Ҳар чӣ ояд, бигзарад, чун ҳар чӣ омад, он гузашт.Ҳилолӣ
Дар асарҳо оид ба илми бадеъ ва арӯз аз навъҳои дигари Б. ёдовар шудаанд ва ҷудо кардан ба навъҳоро ба маънии калимаи такроршаванда вобаста донистаанд. Дар баъзе ҳолатҳо калимаи такроршаванда аз садр, ҳашв, аҷуз, ибтидо бетағйир меояд, вале маънояш дигар мешавад, яъне таҷниси лафзӣ ба миён меояд, Мас.:
Шом ар биёӣ дар барам, эй офтоби авҷи ҳусн,
Шак нест, к-ин ринди гадо гардад аз он султони Шом.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҳодизода Р., Шукуров М., Абдуҷабборов Т. Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ. Д., 1966;
- Зеҳнӣ Т. Санъати сухан. Д., 1992;
- Мирзозода Х. Луғати мухтасари истилоҳоти адабиётшиносӣ. Д., 1992.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баргардониш // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.