Jump to content

Баргхӯракҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баргхӯракҳо
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Chrysomelidae
Latreille, 1802
Номенклатурный тип
Зероила

Баргхӯракҳо (лот. Chrysomelidae) — яке аз оилаҳои ҳашарот. Қариб 50 ҳазор намудро дар бар мегиранд. Дар фаунаи Осиёи Марказӣ 640 намуд ва 74 зернамуди онҳо вомехӯрад. Б. тухмшакл, гирда ё устувонашакл (дарозиашон 1-35 мм) буда, ранги зард, сурх, сиёҳ, баъзан филиззмонанд доранд. Кирминаашон дарозрӯяи ғафс аст. Гамбуск ва кирминаи онҳо барги рустанӣ, аз ҷумла барги дарахтони меваро мехӯранд, баъзеашон дар тана ва решаи рустаниҳо афзоиш меёбанд.

Баргхӯраки сурх

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баргхӯраки сурх (Smaragdina discolor) дар баландиҳои 400—1800 м аз с. б. маскун аст. Дар доманакӯҳҳо аз даҳаи июн то авг., дар водиҳо ох. май парвоз мекунад. Июн-июл тухм мемонад. Тухмаш дарозрӯя (1 мм), зарди равшан. Баъди 11-15 рӯз аз тухм кирминаҳо пайдо мешаванд. Одатан ба дарахтони себ, олу, олуча, зардолу, биҳӣ, шафтолу, гелос, бодом, беду сафедор зарар мерасонад.

Баргхӯраки сабз

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баргхӯраки сабз (S. viridis) дар доманаи кӯҳҳо ва минтақаҳои субалпии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон (дар баландии 450—2200 м аз с. б.) паҳн гаштааст. Аз ох. апр. то июн парвоз мекунад. Апр.-май тухм мемонад. Тухмаш бо ғилофак пӯшида шудааст. Баъди 8-10 рӯз кирминаҳо ташаккул меёбанд. Дарозии ғилофаки кирминаҳои болиғ 4-5 мм, бараш 2,5-3 мм. Пеш аз зоча шудан кирмина сӯрохи ғилофакро руст мекунад. Баҳор берун аз хок ба зоча табдил меёбад. Аввал ба алафҳо, аз моҳи апр. ба дарахтони зардолу, себ, олу, бодом, дӯлона осеб мерасонад.

Баргхӯраки паҳнпой

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баргхӯраки паҳнпой (Cruptocenhalus tarsalis) дар минтақаи бешазори қ-кӯҳҳо (аз Олой то Ҳисор, Бадахшон) дар баландии 1000-3350 м аз с. б. дучор меояд. Аз нимаи авв. авг. парвоз мекунад; июн то 150 тухм мемонад. Тухмаш зарди равшан, бо ғилофаки дорчинии сиёҳтоб пӯшида шудааст. Дарозии тухм бо ғилофакаш — 1,5 мм, бараш — 1 мм. Баъди 11-15 рӯз аз тухм кирминаҳо пайдо шуда, якҷоя бо ғилофак ба ҳаракат меоянд. Зимистон сӯрохии ғилофакро баста, баҳор (март-апр.) аз сари нав онро мекушоянд ва ғизо мегиранд. Кирминаҳо дар даруни ғилофак ба зоча табдил ёфта, зимистонро дар ҳамон ҷо мегузаронанд; баҳор гамбусакҳо ба парвоз меоянд.

Баргхӯраки тоҷикӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баргхӯраки тоҷикӣ (Stylosomus tadzhikus) дар Тоҷикистон дар доманаи қ-кӯҳҳо (баландии 1100—1600 м) вомехӯрад. Моҳҳои май-июл парвоз мекунад. Май тухм мемонад; тухмаш зарди равшан, бо ғилофаки дорчинии сиёҳтоб пӯшида шудааст. Баъди 11-12 рӯз дар ғилофак кирминаҳо ва минбаъд зочаҳо пайдо мешаванд. Барг (махсусан барги навруста)-и дарахтони бодом, чормағз, зардолу, зарангро хӯрда сӯрох мекунанд.

Баргхӯраки бодом

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баргхӯраки бодом (Lefevulla amigdalis) дар минтақаи поёнии бешазори кӯҳии Тоҷикистон паҳн шудааст. Давраи парвозаш апр.-июн. Май-июн тухм (дарозиаш 1 мм, бараш 0,5 мм) мемонад. Тухмаш дарозрӯя, норанҷии зардтоб. Баъди 20 рӯз аз тухм кирмина мебарояд; дар хок ба зоча табдил меёбад. Асосан ба дарахтони навраси бодом, олу, нок, дӯлона, себ, шафтолу, зардолу ва писта зарар мерасонад. Гамбускҳо канори барг ва пӯстлохи навдаҳои таракро мехӯранд, баъзан ба гулмуғҷаи шафтолу осеб мерасонанд. Онҳо аз як дарахт ба дарахти дигар хуб парвоз мекунанд.

Баргхӯраки сиёҳи бодом

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баргхӯраки сиёҳи бодом (Luperus flavilabris) низ дар минтақаи бешазори кӯҳҳои Тоҷикистон дучор меояд. Аз миёнаҳои май то ох. июн дар барги дарахтони бодом, шафтолу, нок, настаран пайдо мешавад. Авв. июн тухм мемонад, кирминааш дар хок инкишоф меёбад. Барги дарахтонро мехӯрад.

Баргхӯраки настаран

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баргхӯраки настаран (Aphtona promissa) дар доманакӯҳҳо ва кӯҳҳои Осиёи Марказӣ паҳн гардидааст. Авв. апр. ба парвоз шурӯъ мекунад. Баъди аз сар гузарондани зимистон гамбускҳо барги настаранро мехӯранд, сипас ба барги заранг ва моҳи авг. ба барги дарахтони себ, нок, биҳӣ, зардолу, олу, олуча, бодом, чормағз, ақоқиё зарар мерасонанд.

Тадбирҳои мубориза

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тадбирҳои мубориза бо баргхӯракҳо: истифодаи инсектитсидҳо, бурида сӯхтани навдаҳои осебёфта, аз боғ баровардани боқимондаҳои рустанӣ.

  • Семёнов А. Е. Вредная энтомофауна богарного садоводства в Кондаре//Сборник Ущелье Кондара. М.-Л., 1951;
  • Баева В. Г. Насекомые вредители плодовых культур в Юго-Западном Таджикистане // Труд. ИЗиП АН Таджикской ССР. Т. 24, 1963;
  • Кулинич П. Н. Жуки вредящие плодовым и орехоплодным культурам южного склона Гиссарского хребта. Д. 1965;
  • Справочник «Насекомые и клещи — вредители с/х культур». Л., 1974;
  • Муҳиддинов С. М. Усулҳои биологии ҳифзи рустаниҳо аз зараррасонҳо. Д., 2007;
  • Муҳиддинов С. М. Курси мухтасари энтомологияи кишоварзӣ. Д., 2009.