Баргчой

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Баргчой
Epilobium angustifolium 03 ies.jpg
Намуди умумии рустании шукуфта
Таснифоти илмӣ
Номи илмии баналмилалӣ

Chamaenerion angustifolium (L.) Scop., 1771

Синонимҳо
Epilobium angustifolium L., 1753 Шаблон:Basionym — Кипрей узколистный

Баргчой, муғулчой (лот. Chamaenérion angustifolium, ё Epilóbium angustifolium) — гиёҳест бисёрсола.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ[вироиш]

Аз 35 то 150 см қад мекашад. Пояи рости сербарг, барги бедумча ё кӯтоҳдумчаи нештаршакл, гули гулобии арғувонӣ, хӯшагули дароз (дар нӯги поя нумӯ меёбад), ғӯзаи сертухм дорад. Б. дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ (дар баландии 1000-3200 м аз с. б.) асосан дар соҳили дарёҳои кӯҳӣ, канори чашма, ҷӯйҳо, марғзору шибарзамин ва ҷангалзорҳо месабзад.

Дар тибби халқӣ нақуъи барги Б. истифода мешавад. Бо ин мақсад 15 г барги онро дар як истакон оби ҷӯш андохта, 20 дақ. нигоҳ медоранд ва ҳангоми захми меъдаю рӯда (рӯзе 3 маротиба пеш аз хӯрок якчумчагӣ) менӯшанд; давои мазкур чун воситаи зидди илтиҳоб низ тавсия шудааст. Ҷӯшоби Б. ҳангоми ихтилоли мубодилаи моддаҳо, захми меъда, варами гулӯ, гӯш, бинӣ ва чун воситаи зидди ташаннуҷ нофеъ аст. Хокаи Б.-ро ба ҷароҳат мепошанд. Дар амалияи тибби муосир нақуъ Б.-ро барои давои захм, газаки меъда ва дарди рӯдаи ғафс кор мефармоянд. Бо ин мақсад баргҳои хушки онро дар об андохта, 15 дақ. меҷӯшонанд. Баъди 45 дақ. даворо полида мегиранд ва рӯзе 3-4 маротиба пеш аз хӯрок якқошуқӣ истеъмол мекунанд.


Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Ковалёва Н. Г. Лечение растениями. М., 1972;
  • Турова А. Д. Лекарственные растения СССР и их применение. М., 1974;
  • Гаммерман А. Ф., Гром И. И. Дикорастущие лекарственные растения СССР. М., 1976;
  • Ходжиматов М. Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана. Д., 1989.

Сарчашма[вироиш]