Барелйеф
Барелйе́ф (фр. bas-relief — нақши муқарнасии нисбатан паст) — навъи ҳайкалтарошӣ, ки тасвири барҷаста дорад ва аз сатҳи заминаи асар ба андозаи аз нисф баландтар ё камтар аз он аст.
Барелйеф ҳамчун санъати тасвирӣ ва наққошӣ дар пардозу ороиши берун ва даруни биноҳо истифода мешавад. Аксар барелйеф дар зинатдиҳии пояи ҳайкалҳо, лавҳаҳои фахрӣ, рӯйи медалҳо ва ғ. ба кор меравад. Барелйефро аз замонҳои қадим дар мамалакатҳои Шарқ (Ҳиндустон, Ошур, Форс), Миср, Амрико, Юнон, Рим, дар санъати меъмории асрҳои миёна васеъ истифода бурдаанд. Дар санъати меъмории Юнони Қадим ва Рум ба Б. асосан пештоқи маъбадҳоро оро медоданд. Нижвони бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, пояи ҳайкали Куйбишев дар назди вокзали роҳи оҳани шаҳри Душанбе ва ғ. аз намунаҳои беҳтарини барелйефанд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Барелйеф // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.