Барий

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
56
Барий
137,327
6s2

Ба́рий — унсури зергурӯҳи асосии гурӯҳи дуюм, даври шашум ҷадвали даврии Д. И. Менделеев, бо бо рақами атомии 56. Бо рамзи Ba (лот. Barium) ифода мешавад. Массаи атомаиаш 137,33. Мансуби филиззҳои ишқорзаминӣ. Филиззи сафеди нуқрагуни нарм, ҳарорати гудозишаш 714°С, ҳарорати ҷӯшишаш 1640°С, зичиаш 3,78 г/см3. Барий дар табиат дар шакли омехтаи ҳафт изотоп вомехӯрад, ки аз онҳо изотопи 138Ba 71,7%-ро ташкил медиҳад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Барийро дар намуди оксиди BaO соли 1774 Карло Шееле ва Юҳано Ган кушоданд[4]. Барийро соли 1801 олими англис Гемфри Дэви ҳангоми электролизи сулфати барий кашф намуд.

Пайдоиши ном[вироиш | вироиши манбаъ]

Ном гирифта аз юн.-қад. βαρύς — «вазнин».

Дар табиат[вироиш | вироиши манбаъ]

Барий 0,05%-и таркиби қишри Заминро ташкил медиҳад. Муҳимтарин минералҳои барий шпати вазнин ё барит BaSO4 ва витерит BaCO3 мебошанд. Миқдори ками намакҳои барий дар таркиби обҳои минералӣ ва оби баҳр ёфт шудаанд. Аксари намакҳои барий, ба истиснои сулфати барий, заҳрноканд. барий аз ҷиҳати кимиёӣ филиззи фаъол буда, дар ҳаво оксид мешавад. Аз ин хотир онро монанди натрий дар даруни карасин ё дар ампулаҳои маҳкам нигоҳ медоранд. Аз таъсири зарба худ аз худ аланга мегирад. Дар пайвастҳояш дараҷаи оксидшавии +2 дорад. Барий дар шароити муқаррарӣ бо об ва галогенҳо, таҳти ҳарорат бо нитроген, карбон, сулфур, силитсий ва ғайра ба реаксия медарояд. Гидроксиди Ba(OH)2 асоси қавӣ, яъне ишқор мебошад. Дар тамоми кислотаҳо, ба истиснои кислотаи сулфат, ҳал мешавад. Дар дастгоҳҳои халои (вакуум) барқӣ барийро барои ҷазб карда гирифтани газҳои нитроген, оксиген ва оксиди карбон CO2 аз найчаҳои электронӣ истифода менамоянд. Намакҳои барийро дар саноат ва тиб ба кор мебаранд. Карбонати барий (BaCO3)-ро ба таркиби шишаҳо илова мекунанд. Сулфати барий BaSO4 сифати коғазро беҳ месозад. Титанати барий BaTiO3, ки хосияти сегнетоэлектрӣ дорад, дар радиотехника ва силсилаҳои худкор (автоматӣ) истифода мешавад. Сулфати барийро дар тиб барои ташхиси рентгеноскопии захми меъда кор мефармоянд. Аз сабаби он ки барий қобилияти ҷазби нурҳои рентгенӣ ва гамма-зарраҳоро дорад, дар техникаи атомӣ онро ба таркиби маводди муҳофиз аз радиатсия илова мекунанд. Ба воситаи пайвастҳои барий аз маъданҳои уран унсури радийро хориҷ месозанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. (2016) «Atomic weights of the elements 2013 (IUPAC Technical Report)». Pure and Applied Chemistry 88 (3): 265–91. doi:10.1515/pac-2015-0305.
  2. Lide, D. R., ed. (2005). "Magnetic susceptibility of the elements and inorganic compounds". CRC Handbook of Chemistry and Physics (PDF) (86th ed.). Boca Raton (FL): CRC Press. ISBN 0-8493-0486-5. 
  3. Weast, Robert (1984). CRC, Handbook of Chemistry and Physics. Boca Raton, Florida: Chemical Rubber Company Publishing. pp. E110. ISBN 0-8493-0464-4. 
  4. Барий Бойгонӣ шудааст 11 августи 2011  сол.. // Популярная библиотека химических элементов. — М.: Издательство «Наука», 1977.

Адабиет[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]