Баркаган Соломон Лвович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баркаган Соломон Лвович

Баркаган Соломон Лвович (1890, Романовка1973, Киев) — терапевт, доктори илми тиб (1947), профессор (1950).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишкадаи тиббии шаҳри Одесса (1926). Солҳои 1926-41 аспирант, ассистент ва дотсенти ҳамин донишкада буд. Духтури госпитали ҳарбӣ дар шаҳри Чимкент (1941-45), дотсенти Донишкадаи тиббии Одесса (1945-49), мудири кафедраи терапеяи госпиталии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1949-59), сартерапевти раёсати тандурустии шаҳри Душанбе (1959-69). Оид ба роҳҳои муолиҷаю пешгирии тарбод, тарбоди банду буғум, ғалаёни хун, иллати дил, инчунин ташхиси узвҳои дарунӣ, электрокардиография, фармакотерапия зиёда аз 60 китобу мақолаҳои илмӣ навиштааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Диагностическое значение реакции формолжелатинации сыворотки крови в клинике внутренних болезней. Одесса, 1947;
  • О климатотерапии гипертонической болезни. Сталинабад, 1950.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]