Бармоя (гов)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нигораи Бармоя дар Шоҳномаи Таҳмосбӣ

Бармоя (форсӣ: بَرمایَه‎) — яке аз махлуқоти афсонавии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, номи говест, ки Фаридун дар овони кӯдакӣ се сол шири ӯро хӯрда калон шуд.

Бармоя дар Шоҳнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ваҷҳи тасмияи ин калима маълум нест. Дар Авесто ва осори адабиёти паҳлавӣ дар достону ривоятҳо оид ба Фаридун аз ин бобат ишорае нест. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омадааст, ки Фаронак – модари Фаридун аз таъқиби Заҳҳок гурехта, ба кӯҳи Албурз рафт. Дар домани кӯҳ шахсе мезист, ки Бармоя ном гове дошт. Фаронак фарзандашро ба ин шахс дод ва Фаридун се сол шири Бармояро хӯрд. Заҳҳок аз ин ҳол огоҳ шуда, ба он марғзор – чарогоҳи Бармоя омад ва ӯро нобуд кард.

Сужети асотирии шир додани ҷонварон ба қаҳрамонони устураҳо аз замонҳои қадим дар байни халқҳои Шарқу Ғарб маъмул буд. Масалан, дар асотири Руми Бостон – асосгузорони шаҳри Рум – Ромулу Рем шири модагургеро хӯрда калон шуданд. Бешубҳа, манбаи ривояти Фирдавсӣ низ ҳамин гуна устураҳои қадимӣ мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Абулқосими Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷ. 1. Д., 1987.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]