Гов (лот. Bos taurus), гав — ҳайвони хонагии ҷуфтсум. Бино ба таснифоти зоологӣ ба синфи ширхӯрҳо (Mammalia), оилаи ковокшохон (Bovidae) мансуб аст.
Гов дар таърихи инсон мақоми асосӣ дорад. Он дар ҳама давру замонҳо мушкилкушои одам буд. Говро барои иҷрои корҳои душвору вазнин истифода мебурданд, бо гови ассор равған мекашиданд, бо гови варза замин меронданд, бо гови гардун бор мекашониданд, бо гови харос осиё мегардониданд. Дар адабиётшиносии тоҷик ибораҳои гови парворӣ, гови Фаридун, гови сипеҳр (гови фалак ё чарх) ва ғ. мавҷуданд. Гови парворӣ бо хӯрокиҳои муносиб фарбеҳ карда мешавад. Гови Фаридун гове будааст, ки Фаридун (қаҳрамони «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ) дар кӯдакӣ шири онро хӯрда, дар бузургӣ ба он савор шуда мегаштааст. Бино ба ривоятҳои асотирӣ гӯё Замин низ бар болои шохи гов қарор гирифтааст ва он гов бар пушти моҳӣ ва моҳӣ дар об меистад. Бурҷи дуввум аз дувоздаҳ бурҷи фалакро бурҷи Савр (гови гардун, гови сипеҳр ё гови чарх) ва яке аз солҳои Мучалро Бақар номидаанд, ки ба маънои гов аст. Дарозтарин сураи Қуръони карим низ Бақара ном дорад. Бисёр бозёфтҳои бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд, ки одамон дар гузашта зарфҳои гуногуни рӯзгорро аз тилову нуқра ва сафол ба шакли гов месохтаанд, паҳлавонону муборизони далерро маҷозан гав меномиданд. Гов дар Ҳиндустон ҳайвони муқаддас маҳсуб мешавад. Ҳиндуҳо онро таҷассуми Модари бузург — Адита ва замин мешуморанд. Гов бо қонунҳои коинот ва Вишна ҳифз гашта, кушандаи он мансуб ба аҳли ҷаҳаннам дониста мешавад; ӯ гӯё баробари ҳар тор мӯи гов дар ҷаҳаннам месӯхтааст.
Говро дар давраҳои аввали неолит, тақрибан 8500 сол қабл хонагӣ кардаанд. Бино ба ақидаи олимон, хонагӣ кардани он дар секунҷаи Олтой — Ҳиндустон — Эрон сурат гирифтааст. Бино ба пажӯҳишҳои илмӣ гов аз тур (Bos primidehius), ки ҳазорҳо сол пеш аз милод дар Аврупову Осиё ва Африқо паҳн гардида, дар асри 17 нест шудааст, ба вуҷуд омадааст. Дар натиҷаи ром кардан хусусиятҳои биологии гов хеле тағйир ёфтанд. Гов барои инсон аҳаммияти бағоят калон дорад. Шири гов ашёи пурбаҳои саноати хӯрокворист. Шири холис ва пасмондаи он барои парвариши ҷавонаҳо низ истифода мешавад. Гӯшти гов ва гӯсола серғизову зудҳазм буда, хусусияти парҳезӣ дорад. Аз пӯсти гов чарм, аз маҳсулоти пасмондааш орди гӯшту устухон, дору (эндокрин, стеарин), ширеш, собун ва ғ. истеҳсол мекунанд. Барзагов ва буққаҳоро дар кишоварзӣ истифода мебаранд. Гов 15-35 сол умр мебинад. Майли алоқаи ҷинсии модаговҳо 19-22, даври ҳамлашон 285 шаборӯз аст. Вазни гӯсолаи навзод вобаста ба зоти гов 18-45 (баъзан то 60) кг мешавад. Гӯсолаи нар нисбат ба гӯсолаи мода, маъмулан, 1-3 кг вазнинтар аст. Ғуноҷинҳо бори аввал дар 18-22-моҳагӣ бордор мешаванд. Пеш аз вақт бордор шудан боиси камширӣ ва рушди сусти онҳо мегардад. Буққаҳоро барои наслгирӣ дар 14-18-моҳагӣ ба пода сар медиҳанд. Дар як мавсим барои ҳар буққа 80-90 сар модагов ҷудо мекунанд. Аз нутфаи як буққа зиёда аз 1500 модаговро бордор кардан мумкин аст (нигар Бордоркунии сунъӣ). Давраи серширии модаговҳо аз моҳи дуввуми баъди зоиданашон оғоз шуда, тақр. 305 рӯз давом мекунад. Каму зиёдии шир ба зот ва хусусиятҳои фардии модагов, синну сол, ҳолати физиологии организм, нигоҳубин, фасли сол ва дигар омилҳо вобастагӣ дорад. Дар хоҷагиҳои беҳтарин аз модаговҳо то 6000 кг шир медӯшанд. Аз говҳои зоти гӯштдеҳ дар мавсим то 1000 кг шир дӯшидан мумкин аст. Баъди 2-3 моҳи зоидан шири гов тадриҷан кам мешавад. Маҳсулнокии гӯшти говро аз рӯи вазни зинда ва хос, гӯшти холис, сифати гӯшт ва миқдори хӯроки сарфшуда муайян мекунанд; 1 кг гӯшти гов дорои 1500-3000 калория аст.
Говҳоро асосан ба зоти ширдеҳ, ширу гӯштдеҳ ва гӯштдеҳ ҷудо мекунанд. Гов бо алафи сабзи чарогоҳ, хасу беда, силос, бехмева, ғизои омехта, пасмондаи истеҳсолот (кунҷора, дурда ва ғ.), хӯроки иловагӣ парвариш карда мешавад. Ҳангоми додани хӯрок ҷинс, синну сол, маҳсулнокӣ ва ҳолати физиологии говро ба назар мегиранд. Говҳои маҳсулдеҳ ба моддаҳои ғизоӣ талаботи зиёд доранд. Мас., барои ҳосил шудани 1 кг шири равғаннокиаш 4 % ба гов 0,5-0,6 воҳиди хӯрокӣ (нигар Воҳиди хӯроки чорво) ва қариб 70 г протеини ҳозим зарур аст. Меъёри хӯроки говҳои дӯшоро баъди 2-3 моҳи насл оварданашон 5-10 % зиёд мекунанд. Талаботи гов ба микроэлементҳо тақр. чунин аст (ба ҳисоби мг): кобалт 0,5-1, мис 5-10, руҳ 40-60, манган 40-60, йод 0,3-0,5. Дар заминаи талаботи ба маводди ғизоӣ доштаи чорво меъёри солонаи сарфи онро тартиб медиҳанд. Талаботи солонаи модаговҳо ба маводди ғизоӣ (ҳангоми 3,8-4 % будани равғаннокии шир) дар ҷадвал нишон дода шудааст.
Миқдори солонаи шире, ки аз модагов дӯшида мешавад, кг
|
Вазни модагов ба ҳисоби миёна, кг
|
Воҳиди хӯрокӣ, кг
|
Протеини ҳозим, кг
|
2000
|
300-400
|
2600-2800
|
281-302
|
3000
|
400-450
|
3300-3500
|
363-385
|
4000
|
450-550
|
4000-4200
|
448-470
|
5000
|
550-600
|
4600-4800
|
529-552
|
Касалиҳои асосии гов: сӯхтанӣ, сили ҳайвонот, брутселлёз, қӯтур, туляремия, лептоспирозҳо, нағзак, листериоз, актиномикоз, фассиолёз, гиподерматоз ва ғ.
Дар Тоҷикистон гови зотҳои абердинии ангусӣ, сарсафеди қазоқӣ, сиёҳало, сиёҳалои тоҷикӣ, швитсӣ, швитсии зебумонанд ва қалмиқиро парвариш мекунанд. Соли 2014 дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 2015,3 ҳазор сар гов, аз ҷумла 1037,0 ҳазор сар модагов мавҷуд буд.
- Доброхотов А. Б. Частная зоотехния. Л., 1959;
- Дмитриев Н. Г. Породы скота по странам мира. Л., 1978;
- Арзуманян Е. А. Скотоводство. М., 1980;
- Аҳмадалиев Н. Сершир кардани модаговҳо дар иқлими гарм. Д., 1988.
| |
---|
Дар феҳристҳои китобшинохтӣ | |
---|