Барномаи компютерӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Барномаи компютерӣ.

Барномáи компютерӣ (англ. Computer program) — пайдарпайии дастурҳоеро гӯянд, ки барои бо таҷҳизот идора кардани компютерҳо таъйин шудааст. Барнома яке аз унсурҳои таъминоти барномавӣ мебошад. Вобаста ба мазмун истилоҳи мазкур чун матни ибтидоии барнома низ метавонад истифода шавад. Барномаи компютерӣ чун моликияти зеҳнӣ ба дороиҳои ғайримоддӣ мансуб аст.

Сохтани барномаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Барнома маҷмӯи маълумотҳо ва амрҳое мебошад, ки барои кор кардани ҳисобмошинҳои электронӣ ва дигар таҷҳизоти компютерӣ бо мақсади ба даст овардани натиҷаи дилҳоҳ, аз ҷумла маводди омодасозӣ, ки дар рафти таҳияи барнома барои компютер ба даст оварда шудаасту барои ҳосил кардани садо ва тасвирот имкон медиҳад, таъйин шудааст. Аксар вақт тимсоли барнома дар шакли модули иҷрошаванда (файли алоҳида ё гурӯҳи файлҳо) нигоҳ дошта мешавад. Аз ин тимсол, ки, одатан, дар диск ҷой мегирад, барномаи иҷрошаванда дар хотираи оперативӣ бо корандози барномавӣ таҳия мегардад. Дар барномасозии системавӣ барномаҳо чун маълумотҳо ва рамзҳои мошинӣ ифода карда мешаванд, ки протсессор барои иҷрои ягон кор амалӣ месозад. Дар ин маврид ду хусусият зоҳир мешавад: воқеъ гаштани барнома дар хотирот ва иҷроиши он аз ҷониби протсессор. Раванди коркарди таъминоти барномавӣ аз якчанд марҳилаҳо иборат мебошад, ки танҳо таҳия кардани рамзи барномавӣ барномасозӣ номида мешавад. Одатан, аксар вақт барномасозӣ гуфта тамоми коркарди таъминоти барномавиро мефаҳманд. Одамонеро, ки бо таъминоти барномавӣ машғуланд, барномасоз (таҳиягари барнома)меноманд. Баъзе забонҳои барномасозӣ бе компилятсияи пешакии барнома истифода гардида, ба рамзи мошинии дастури он бевосита дар вақти иҷроиш интиқол мекунанд. Матнҳои ибтидоии барномаҳои компютерӣ дар аксар забонҳои барномасозӣ аз рӯйхатти дастурҳое иборатанд, ки алгоритми воридшударо саҳеҳ тавсиф медиҳанд. Чунин усули барномасозӣ императивӣ номида мешавад. Аммо дигар методологияҳои барномасозӣ низ истифода мешаванд.

Истифодаи барномаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Аксар истифодабарандагони компютерҳо барномаҳоеро истифода мебаранд, ки барои иҷроиши масъалаҳои мушаххаси амалӣ, ба монанди тайёр кардан ва ба қолаб даровардани мавод, ҳисобу китоби математикӣ, таҳияи тасвирот ва ғайра лозим аст. Воситаҳои барномавии мувофиқро барномаҳои амалӣ ё таъминоти барномавии амалӣ меноманд. Системаи таъминоти барномавӣ, ки қисми таркибии онро системаи амалиётӣ ташкил медиҳад, унсурҳои системаи ҳисобкунӣ ва ташаккули муҳитро барои амал кардани барномаҳои амалӣ идора мекунад.

Ронандагон[вироиш | вироиши манбаъ]

Ронандагон миёнарав байни системаи амалиётӣ ва дастгоҳҳои сахтафзори компютерӣ мебошанд, ки барои ирсол ва қабул кардани маълумот дар байни онҳо истифода мешаванд.[1]

Ҷиҳати ҳуқуқии барномаи компютерӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Барномаҳое, ки матнҳои ибтидоии онҳо ба ҳама дастрас аст, барномаҳои кушод номида мешаванд. Барномаи компютерӣ дар аксар давлатҳо объекти ҳуқуқи муаллиф мебошад. Дар давлатҳои дигар барномаи компютерӣ бо патентҳо муҳофизат карда мешаванд. Муаллифон ва моликони ҳуқуқии барномаи компютерӣ барои маҳдуд кардани дастрасӣ ба матнҳои ибтидоии барнома, ки моликияти зеҳнии онҳост, ҳуқуқ доранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Silberschatz Abraham. Operating System Concepts, Fourth Edition. — Addison-Wesley, 1994. — С. 97. — ISBN 0-201-50480-4.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]