Барномаи корбурдии веб
Барномаи корбурдии веб (англ. Web application), веб-замимаҳо — барномаест, ки метавон ба он аз тариқи интернет ё интронет дастрасӣ дошт. Ҳамчунин ба маънии барномаест, ки тавассути як мурургар пуштибонӣ мешавад. (ҳамонанди афзунаи Java) ё даруни як забони барноманависӣ навишта шудааст, ки тавассути мурургар пуштибонӣ мешавад, ҳамонанди JavaScript, ки бо забон HTML таркиб шудааст.
Амалиёти мантиқии барномаи корбурдии веб байни сервер ва муштарӣ тақсим шуда, маълумот аксаран дар сервер нигоҳ дошта мешавад, мубодилаи иттилоот (маълумот) дар шабака ба амал меояд. Барномаи корбурдии веб дар охири солҳои 1990 ва аввали солҳои 2000 хеле маъмул гаштанд.
Вежагиҳои фаннӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Барномаи корбурдии веб барои амалӣ гардонидани вазифаҳои стандартии браузер афзалият дошта, ин вазифаҳо бояд бидуни системаи амалиётии муштарии мазкур иҷро карда шаванд. Барномаи корбурдии веб на барои навъҳои системаҳои амалиёташон гуногун (мас.,барои Microsoft Windows, Mac OS X, GNU/Linux), балки як бор барои платформаи дилхоҳ интихобгардида таҳия ва дар он паҳн мегардад. Аммо амалисозии гуногуни HTML, CSS, DOM ва дигар мушаххасот дар браузерҳо ҳангоми таҳияи барномаи корбурдии веб ва минбаъд барои амали онҳоро таъмин намудан мушкилот эҷод карда метавонад. Ғайр аз ин имкони истифодабаранда ҷиҳати тағйир додани бисёр мушаххасоти барузер (андозаи ҳарфҳо, ранг ва ғ.) ба кори саҳеҳи замима монеъ мешавад. Тавассути усули дигар (умумӣ) барои татбиқи комил ё нокомили интерфейси истифодабарӣ Adobe Flash, Silverlight ё Java апплетҳо (унсурҳои таъмини барномавӣ) истифода мегарданд. Азбаски аксар браузерҳо ин технологияҳоро (одатан, бо ёрии плагинҳо) амалӣ месозанд, Flash- ё Java-замимаҳо ба осонӣ иҷро мешаванд. Барномаи корбурдии веб аз қисмҳои мутааллиқ ба муштарӣ ва серверӣ иборат буда, ба ин васила технологияи «муштарӣ-сервер» дорад.
Мисоли саҳеҳи барномаи корбурдии веб ин сомонаи мудирият ва вироиши мақолаҳои Википедия мебошад: бисёр корбарони он метавонанд дар таҳияи донишномаи шабакаӣ бо истифодаи мурургарҳои сомонаи омили худ (хоҳ Microsoft Windows,GNU/Linux ё дилхоҳ системомили дигар) бидуни истифодаи модулҳои иловагӣ барои кор бо хазинаи маълумоти мақолаҳо ширкат варзанд. Ҳоло усули нави таҳияи барномаи корбурдии веб, ки Ajax меноманд, хеле маъмул аст. Ҳангоми истифодаи Ajax саҳифаҳои барномаи корбурдии веб батамом ба кор надаромада, танҳо маълумоти зарурии серверро ба кор меандозанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Веб-замимаҳо // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.