Барноманависии шайъгаро
Барноманависии шайъгаро (англ. Object-Oriented Programming, OOP) — шеваи барноманависиест, ки сохтор ё блоки аслии ҷузъҳои он, шайъҳо мебошанд. Дар воқеъ дар ин шеваи барноманависӣ, барнома ба шайъ гароиш пайдо мекунад. Ба ин маъно, ки додаҳо ва тобеъҳое, ки қарор аст бар рӯйи ин додаҳо амал кунанд, то ҳадди имкон дар қолабе ба номи шайъ дар канори якдигар қарор гирифта, ҷамъбандӣ шуда ва як воҳид (шайъ)-ро ташкил дода нисбат ба муҳити берунии худ, капсула мешаванд ва аз ин тариқ, тобеъҳои бегонаи хориҷ аз он шайъ, дигар имкони эҷоди тағйир дар додаҳои даруни он шайъро надоранд.
Ба унвони мисол ҳисоби бонкии шумо, ки шомили мушаххасоти фардии шумо ва мизони супурдаи шумо дар бонк аст, ташкили як шайъро медиҳанд ва ба далели доро будани вежагии капсула, имкони дасткорӣ дар мизони супурда ё мушаххасоти шумо, тавассути дигарон вуҷуд надорад.[1] Аз дигар вежагиҳои барноманависии шайъгаро, печидагии кам, ҳазинаи кам, имкони густариши сареъи барнома бо хатои камтар нисбат ба соири породоимҳои барноманависӣ аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |