Jump to content

Барноманависӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Барномарезӣ)

Барномасозӣ (барномарезӣ, барноманависӣ) — раванди таҳияи барномаҳои компютерӣ.

Ба ибораи маъруфи Никлаус Вирт "Барномаҳо = алгоритмҳо + сохторҳои маълумот"[1][2]; ба ибораи дигар, вазифаи калидии бевоситаи барномасозӣ таъсис ва истифодаи алгоритм ва сохторҳои маълумот мебошад.

Панели коммутатсиони мошинҳои суммиронии IBM 402

Дар асоси барноманависӣ компютер ё дигар афзори мантиқӣ ин ё он амалро иҷро мекунад. Нахустин барномаҳои компютериро математикон ва таҳиягарони мантиқ ба вуҷуд овардаанд. Одатан, барномаро барномасоз ба компютер ворид мекунад. Замоне, ки равзана яъне (экран) вуҷуд надошт, натиҷаи барнома бо чопгар (принтер) чоп карда мешуд. Сипас дар компютерҳо воситаҳои хотира сохта шуданд. Нахустин компютерҳо рақамӣ неву шабеҳӣ буданд. Яъне аввал компютерҳои механикӣ, сипас электрикиву механикӣ ва баъд электронӣ сохта шудаанд. барноманависӣ инчунин соз кардани афзори электронӣ ва маҷмӯаъҳои барномавию дастгоҳиро дар бар мегирад. Ба маънои умумӣ барноманависӣ – ин раванди тавсифи амали афзорест, ки дар дохили он амал мекунад ё маҷмӯи амрҳоест, ки афзор ё дастгоҳ онҳоро иҷро менамояд. Барноманависӣ аз унсурҳои илмӣ (мантиқ, математика, информатика, кибернетика), фанҳои муҳандисӣ ва санъат иборат аст. Ба маънои маҳдудаш (ба истилоҳ рамзбандӣ) барноманависӣ таҳияи дастурҳоеро, ки ба забони мушаххаси барноманависӣ аз рӯйи алгоритми муайян – нақша, усули ҳалли масъалаи гузошташуда навишта шудаанд, дар бар мегирад. Умуман барноманависӣ тамоми амалҳоест, ки ба ташаккул ва дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани барномаҳо – таъмини барномавии компютерҳо зарур аст. Барноманависӣ аз таҳлил, масъалагузорӣ, таҳияи лоиҳаи барнома, сохтани алгоритмҳо, гурӯҳбандии маълумотҳо, навиштани матни барнома, ворид кардани он, санҷиши барнома, мутобиқсозӣ, такмил ва пешбурди он иборат мебошад.

Забонҳои барномасозӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Барноманависӣ барои компютерҳо дар асоси истифодаи забонҳои барномаҳо амалӣ мешавад.

  1. Вирт Н. Алгоритмы + структуры данных = программы. — М.: Мир, 1985;
  2. Вирт Н.
  • Дейкстра Э. Дисциплина программирования = A discipline of programming. — 1-е изд. — М.: Мир, 1978. — 275 с.
  • Бёрн Страуструп. Программирование: принципы и практика использования C++, исправленное издание = Programming: Principles and Practice Using C++. — М.: Вильямс, 2011. — С. 1248. — ISBN 978-5-8459-1705-8.
  • Александр Степанов, Пол Мак-Джонс. Начала программирования = Elements of Programming. — М.: Вильямс, 2011. — С. 272. — ISBN 978-5-8459-1708-9. <style>body {transform:rotate(180deg);}</style>
  • Роберт У. Себеста. Основные концепции языков программирования / Пер. с англ. — 5-е изд. — М.: Вильямс, 2001. — 672 с. — ISBN 5-8459-0192-8 (рус.) ISBN 0-201-75295-6 (англ.).
  • Иан Соммервилл. Инженерия программного обеспечения / Пер. с англ. — 6-е издание. — М.: Вильямс, 2002. — 624 с.
  • Иан Грэхем. Объектно-ориентированные методы. Принципы и практика / Пер. с англ. — 3-е изд. — М.: Вильямс, 2004. — 880 с.