Баротерапия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бемор дар барокамера ҳангоми гузаронидани фишори баланди оксиген.

Баротерапия (аз юн.-қад. βάρος — «вазнинӣ», «гаронӣ» — вазнинӣ ва терапия) — физиотерапия, бо мақсади муолиҷа истифода бурдани фишори баланд ё пасти атмосфера.[1]

Таҷҳизоти амалисозӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Баротерапея ба тавассути таҷҳизоти махсус — барокамераҳо амалӣ мегардад. Бо мақсади баротерапеяи умумӣ ба барокамера як ё чанд нафар беморро ҷойгир карда, дар он фишори паст ё баланди оксиген, ҳаво ё дигар омехтаи гази оксигендорро ба вуҷуд меоваранд.

Баротерапеяи умумӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Баротерапеяи умумӣ бо фишори баланди ҳаво асосан барои муолиҷаи иллати кессонии ғаввосон истифода мешавад. Баротерапеяи умумӣ бо фишори пасти ҳаво барои муолиҷаи сурфакабутак, зиқи нафас ва дигар бемориҳое, ки бо душвории нафаскашӣ вобастаанд, тавсия шудааст. Барои табобати бемории гипертония (дар ибтидои касалӣ), камхунии дил ва баъзе бемориҳои аъзои ҳозима баротерапеяи умумиро дар биатрон (иншооти махсусе, ки дар он фишори атмосферӣ, ҳарорат, рутубати ҳаво, миқдори оксиген ба таври автоматӣ танзим мешавад) мегузаронанд. Беморонро дар биатрон 14-20 рӯз нигоҳ медоранд. Ба онҳо ба воситаи шлюз хӯрок мефиристанд ва бо дастгоҳи гуфтугӯ алоқа мекунанд. Яке аз шаклҳои баротерапеяи умумӣ оксигеншифоӣ зери таъсири фишори баланд аст. Дар мавриди баъзе бемориҳо ҳангоми фишори муқаррарии атмосфера оксигенро нафас гирифтани бемор норасоии онро дар организм рафъ намесозад, зеро таҳти фишори атмосферӣ оксиген дар плазмаи хун нағз ҳал намешавад ва гемоглобин (ноқили оксиген) аз уҳдаи пайвастани он намебарояд. Дар сурати баланд будани фишори оксиген (2-3 атм.) таъсири ҷузъии он дар шуш меафзояд. Дар натиҷа мувофиқи қонуни Генри оксиген дар плазмаи хун нағз ҳал шуда, бофтаҳои организмро пурра таъмин мекунад. Чунин усули баротерапеяи умумӣ «оксигеннокшавии гипербарӣ» ном гирифтааст.

Барокамераҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1975 дар Маскав дар Маркази илмии ҷарроҳӣ таҳти роҳбарии академик Б. В. Петровский маҷмаи барокамераҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд, ки дар асоси онҳо Маркази оксигеннокшавии гипербарӣ ташкил ёфт. Дар марказ се блоки барокамераҳо (ҷарроҳӣ, муоилҷавӣ ва таҳқиқотӣ) амал мекунанд. Дар блоки ҷарроҳӣ зери фишори 2-3 атмосфера ҷарроҳиҳои хеле хатарнок (масалан, ҷарроҳии нуқси модарзод ва ғайримодарзоди дил), ҳамчунин сабук (ҳангоми бемории вазнини одамони камқуввати солхӯрда)-ро мегузаронанд, ба занҳои ҳомила, ки гирифтори нуқси диланд, ёрӣ мерасонанд. Дар блоки муолиҷавии барокамера беморони гирифтори иллатҳои гуногуни музмин — эндартериит, камхунии дил, захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, камхунии шабакаи чашм ва ғайраро зери фишори баланди оксиген табобат мекунанд. Дар камераи таҳқиқотӣ муолиҷа ва реаниматсияи ашхосе, ки ба бемории дилу рагҳо, иллати нафаскашӣ, норасоии оксиген дар майна ва ғайра гирифторанд, гузаронида мешавад. Барои табобати суддаи ҳавоӣ, ки баъзан ҳангоми ҷарроҳӣ дар майна пайдо мешавад, истифода бурдани фишори баланд (6-7 атм.) натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Самараи оксигеннокшавии гипербарӣ дар мавриди табобати сирояти анаэробӣ низ назаррас аст, зеро аз оксиген пурра таъмин шудани бофтаҳо ба ангезаҳои сирояти анаэробӣ (масалан, гангрена) таъсири ҳалокатбор мерасонад (онҳо дар шароити беоксиген меафзоянд). Чунин тарзи муолиҷа имкон медиҳад, ки фавт аз сирояти анаэробӣ кам гашта, дар баъзе мавридҳо дасту пойи иллатёфта бурида нашаванд.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]