Баротовит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баротовит
Формула KLi3Ca7Ti2(SiO3)12F2
Блеск Стеклянный

Баротовитминерал аз гурӯҳи силикатҳои титандор. Формулаи кимиёиаш KLi3Ca7Ti2(SiO3)12F2.

Низоми булӯршавиаш моноклинӣ; булӯрҳояш мурабаъшакли тунук (то 5×2×0,5 см) ва пулакчамонанд. Садафранг. Сахтиаш аз рӯйи ҷадвали Моос — 3,5, мӯрт, зичиаш 2920 кг/м3. Б. дар рагҳои пегматитии кварс, албит, эгириндор ва сиенитҳои албититдор вомехӯрад. Баротовиро соли 1975 геологҳои тоҷик Б. Д. Дӯстматов, Е. И. Семёнов, А. П. Хомяков, А. В. Бикова ва Х. Ҷаъфаров дар массиви сиенитҳои ишқории Дараи Пиёз (ноҳияи Рашти Тоҷикистон) кашф карда, ба он номи петрографи намоён, академики АИ ҶТ Рауф Баротовро додаанд.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Записки Всесоюзного минералогического общества. п. 5. Л. 1975.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]