Jump to content

Барсовушиҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


БАРСОВУШИҲО, муҳимтарин боришҳои метеори (шиҳобӣ)-и солона, ки моҳи август дар бурҷи Барсовуш ба вуҷуд меоянд. Барсовушиҳо дар натиҷаи гузаштани Замин аз байни зарраҳои чанге, ки зузанаби Свифт-Туттл хориҷ кардааст, пайдо мешавад. Зарраҳои хурди чанг дар атмосфераи Замин сӯхта, «борони ситоравӣ»-ро ташкил медиҳанд, ки дар аввал бо суръати тез борида, сипас мунтазам кам мешаванд. Давраи фаъолии Барсовушиҳо аз 17 июл то 24 август буда, 12 август ба авҷи аъло мерасад. Дар ин давра шумораи шиҳобҳо аз 80 то 140 дар як соатро ташкил медиҳанд. Нахустин қайди мушоҳидаи Барсовушиҳо дар солномаи хитойии с. 36 омадааст. Инчунин Барсовушиҳо дар сарчашмаҳои хитойӣ, ҷопонӣ ва кореягии асрҳои 8–11 ёдовар мешавад. Дар Аврупо Барсовушиҳоро «Ашкони Лаврентийи муқаддас» меномиданд, чунки фестивали Лаврентийи муқаддас дар Итолиё 10 август барпо мешуд. Расман кашшофи Барсовушиҳо олими белгиягӣ Адолф Кетеле дониста мешавад, ки дар бораи ин ҳодиса август 1835 хабар додааст. Таҳқиқгари аввалин, ки шумораи шиҳобҳоро муайян кардааст (160 шиҳоб дар як соат) Эдвард Хейс аст. Ахтаршиноси итолиёӣ Ҷованни Вирҷинио Скиапарелли мадори якчанд шиҳоби Барсовушиҳоро андоза карда, ба хулосае омад, ки онҳо бо мадори зузанаби Свифт–Туттл мувофиқанд. Ин зузанабро с. 1862, вақте ки аз наздикии Замин мегузашт, кашф кардаанд. Даври пурраи гардиши он 135 солро ташкил медиҳад. Соли 1992 ин зузанаб аз наздикии Замин гузашта, фаъолии Барсовушиҳоро зиёд кард. Август 1993 дар Аврупои Марказӣ аз Барсовушиҳо бориши 200 то 500 шиҳоб дар як соат ба қайд гирифта шудааст. М. Холов.