Бартанг (дара)
Бартанг — дара дар Помири Ғарбӣ, байни қаторкӯҳҳои Язғулом ва Рӯшон. Ба самти Шимолу Шарқи 126 км тӯл кашидааст; аз он дарёи Бартанг ҷорист. Сохти дара ассиметрӣ – нишебҳои росташ кӯтоҳу шахдор, чапаш – нисбатан дароз. Баландии мутлақи қаъри дара 2000–2500 м; баландии нисбии кӯҳҳо – 3000–3500 м, баландии мутлақи қуллаҳо – 6000–6500 м. Теғаҳои кӯҳ пиряхҳои зиёд дорад ва макони барфҳои доимист. Дар нишебҳои дара суфаҳои қадими дарёӣ боқӣ мондаанд. Иқлими Бартанг тобистон гарми муътадил, зимистон сарди сербарф. Ҳарор. миёнаи январи – 5, – 90 С, июл 19 – 230 С. Боришоти солона то 200 мм. Дар соҳилҳои дарё ва суффаҳои он дарахту буттаҳои тӯс, сафедор, ангат, дар деҳот зардолу, себ, олу, нок мерӯянд. Бартанг дараи камаҳолист. Маҳалҳои бузурги аҳолинишини дара: Савноб, Нусур, Рошорв, Басид, Разуҷ, Бартанг (Сипонҷ), Хиҷез, Хуҷанд. Роҳҳои дара санглох ва хеле мушкилгузар. Аз водии Кӯҳдара то Савноб ва аз резишгоҳи дарё то деҳаи Бартанг роҳи автомобилгард ҳаст.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.