Барф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Барф. Зимистони деҳаи Дараи Гӯсфандак

Барф — оби фусурдашуда, ки ба шакли булӯрҳо (кристаллҳо)-и реза дар фасли сармо аз абрҳо ба рӯйи Замин мерезад ва рангаш сафед аст.

Ташаккули булӯрҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Барф дар абрҳо дар натиҷаи дар ҳарорати аз 0°С паст ба зарраҳои чанг часпида, ях кардани қатраҳои об ба вуҷуд меояд. Ба булӯрҳои яхи дар аввал қутрашон то 0,1 мм дар вақти афтиш ба Замин дар натиҷаи конденсатсия нами ҳаво часпида, ҳаҷмашон бузург мешавад ва булӯрҳои шаклашон шашқира ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷаи булӯрбандии молекулаҳои об байни шуоъҳои булӯр кунҷҳои 60° ва 120° ҳосил мешаванд. Булӯри асосии об дар ҳамворӣ шакли шашкунҷаи мунтазамро дорад. Ба қуллаҳои чунин шашкунҷа булӯрҳои нав часпида, шаклҳои гуногуни ситорачаҳо – барфакҳо ба вуҷуд меоянд.

Барфакҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Барфакҳо

Ранги сафеди барфро ҳавои дар барфак мавҷуд ҳосил мекунад. Рӯшноии басомадҳояшон гуногун дар сатҳҳои сарҳаддии байни булур ва ҳаво инъикосгардида, пароканда мешавад. Қисми зиёди таркиби барфакҳоро ҳаво ташкил медиҳад (95%), ки зичии хурд ва суръати нисбатан пасти афтиши онҳо (0,9 км/соат)-ро таъмин мекунад.

Калонтарин барфак дар ИМА ба қайд гирифта шудааст, ки қутраш 15×8 дюймо (тақрибан 38×20 см) буд [1][2][3]. Одатан, қутри барфак 5 мм, вазнаш 0,004 грамм мешавад (вазни барфи лаклакӣ то 0,5 граммро ташкил дода метавонад).

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Ахтаршиноси поляк И. Кеплер барфро дар асари худ «Дар бораи барфакҳои шашкунҷа» на чун ҳодисаи табиӣ, балки ҳамчун шакли ҳандасӣ баррасӣ намуд. Олими фаронсавӣ Р. Декарт дар асарҳои худ шакли барфакҳоро омӯхтааст. У. Бентли (фермери амрикоӣ) бори аввал акси саҳеҳи барфакро зери микроскоп ба даст овард (1885). Ӯ дар давоми 46 сол зиёда аз 5000 акси барфакҳоро ҳосил кард. Дар натиҷаи омӯзиши ин аксҳо маълум шуд, ки ду барфаки сохташон яксон вуҷуд надорад. Аз миқдори боридани бориш, бахусус барф намнокии сол муайян карда мешавад.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Monthly Weather Review, 1915, 73.
  2. Keith C. Heidorn, PhD. Giant Snow Flakes. — Weather Journal, November 15, 2000.
  3. William J. Broad. Giant Snowflakes as Big as Frisbees? Could Be, New York Times (20 марти 2007). Проверено 31 май 2016.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]