Барфтӯдакунак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]


БАРФТӮДАКУНÁК, як навъ техникаи кишоварзӣ, ки барои тӯда ва шибба намудани барф дар саҳроҳо истифода мешавад. Барфтӯдакунакро барои дар заминҳои ғаллакорӣ захира намудани намӣ кор мефармоянд. Қисмҳои асосии кории Барфтӯдакунак аз барфгардони рост ва чап, радагири рост ва чап, шоҳтири пеш ва ақиб, ядак иборат аст. Барфгардонҳои Барфтӯдакунакро аз пӯлод месозанд. Барфтӯдакунакро ба трактор пайваст мекунанд. Дарозии Барфтӯдакунак 4100 мм; бараш 2930 мм; баландиаш 1075 мм; вазнаш 690 кг. Ҳангоми ҳаракат кардани трактор барфгардонҳо барфро ба рӯйи замини кишт мехобонанд. Паҳноии кораш 2,6 м, суръати кораш 10 га/соат аст.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]