Jump to content

Барчасп

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Барчасп (англ. shortcut — миёнбур, роҳи кӯтоҳ), ярлик — файли хурди компютер, ки ба ягон объект, барнома ё фармон ишора намуда, ҳомили маълумоти иловагӣ мебошад.

Одатан барчаспҳо дар «Мизи корӣ»-и компютер барои зуд кушодани ҷузъгиру ҳуҷҷатҳо ва ба кор даровардани барномаҳо сохта мешаванд. Андозаи файли барчаспҳо, одатан, аз даҳҳо то садҳо байтро ташкил медиҳад. Барои ҳар як объект бо номҳои гуногун якчанд барчасп сохтан мумкин аст. Аз ин рӯ, барчаспҳоро нишондиҳандаи суроғаи объект низ меноманд. Бо нест кардани барчаспҳо худи объект нест нашуда, танҳо нишондиҳандаи суроғаи он нест карда мешавад. Барчасп дар хотираи компютер ҷойи бисёрро ишғол намекунанд ва истифодаи онҳо нисбат ба нишонаи объектҳо самараноктар аст. Барои фарқи барчасп аз нишонаи объект дар кунҷи чапи қисми пойинии он аломати тирча мегузоранд.