Баршина

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]


БÁРШИНА, шакли рентаи замин дар давраи феодализм, ки деҳқони крепостной дар мулки заминдори калон рӯзҳои муайяни ҳафта бемузд корҳои гуногун, аз ҷумла корҳои заминӣ, сохтмонӣ, касбӣ, буридани ҷангал ва ғайраро анҷом медод. Миқдор ва нақши иқтисодии Баршина дар давраҳои гуногуни феодализм дар маҳалҳои мухталиф ба таври гуногун муайян карда мешуд. Дар Россия Баршина аз замони Руси Киевӣ роиҷ буд. Дар асарҳои 8–12 заҳмати ғуломонаи деҳқононро феодалон истифода мебурданд, асарҳои 13–15 оброки натуралӣ нуфуз пайдо кард ва дар садаи XV дар натиҷаи рушди муносибатҳои молию пулӣ Баршина дар ҳамаи соҳаҳо инкишоф ёфт. Кишт, обёрӣ, алафдаравӣ, сохтани хона ва дигар биною иншооти феодалиро деҳқонон анҷом медоданд. Баршина ба таъсиси низоми умумидавлатии ҳуқуқи крепостнойӣ ва афзоиши истисмори феодалӣ мусоидат кард. Дар асрҳои 17–18 Баршина ва оброки натуралӣ шаклҳои асосии истисмори феодализм (помешикон, дайриён, дарбориён ва ғайра) буд. Дар маҳалҳои гуногун шаклҳои мухталифи рента амал мекарданд. Дар садаи XVII шакли нави Баршина – кор дар корхонаҳои помешикҳо арзи вуҷуд намуд. Он дар губер¬нияҳои марказии сиёҳзамини Россия, Прибалтика , Белоруссия ва Украина инкишоф ёфта буд. Дар Сибир даҳяки ҳаҷми заминҳоро деҳқонон кишт мекарданд. Баъди бекор карда шудани ҳуқуқи крепостнойӣ (с. 1861) Баршина расман бекор карда шуд, вале ба таври ғайрирасмӣ боз муддате вуҷуд дошт. Дар Аврупои Ғарбӣ дар асрҳои 8–9 дар баъзе мулкҳои калони меросӣ Баршина рентаи асосӣ маҳсуб мешуд ва ҳафтае аз 2 то 4 рӯз деҳқонон дар мулки феодалҳо кор мекарданд. Дар асрҳои 12–13 вобаста ба бекор карда шудани моликияти шоҳӣ дар мамлакатҳои Аврупои Марказӣ ва Ғарбӣ истифода аз рентаи Баршина маҳдуд шуд ва умуман дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ дар асрҳои миёнаи классикӣ Баршина мавқеи муайян надошт, танҳо дар асрҳои 16–17 эътибор пайдо кард. Дар мамолики Шарқи Наздик ва Осиёи Миёна шакли заминдории иқтоъ маъмул буд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]