Jump to content

Барҷангал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


БÁРҶАНГАЛ, деҳа дар ҷамоати деҳоти Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа. Аз Барҷангал то маркази ноҳия 10 км, то маркази вилоят 25 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 202 нафар (2012), тоҷикон. Барҷангал мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, нуқтаҳои савдои хусусӣ ва хонаи фарҳанг дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ, боғдорӣ ва картошкапарварӣ. Заминҳо аз оби Миденшорвдара обёрӣ мешаванд.