Jump to content

Басирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Басирӣ

Нуруддин Басирӣ (форсӣ: بصیری‎; ? — қарни XVI) — шоири форс-тоҷик, бобои модарии тазкиранигор Мутрибии Самарқандӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Басирӣ бо вуҷуди нобино будан дар доираи адабии давраш дар Самарқанд обрӯю эътибор ва нуфузи зиёд дошт. Мувофиқи маълумоти Мутрибӣ (асари «Хотирот»), Басирӣ аксаран шеърҳояшро дар хобаш мегуфтааст. Аз фарзандонаш хоҳиш мекардааст, ки шеърҳояшро бинависанд. Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳову баёзҳо сабт гардидаанд. Абёти зерин аз ӯянд:

Чун бози сафед дар шикорем ҳама,

Бо нафсу ҳавои хеш ёрем ҳама.

Фардо, ки зи пеш пардаҳо бардоранд,

Маълум шавад, ки дар чӣ корем ҳама.

      - - -

Эй дил, ту даме ба айб субҳон нашудӣ

В-аз кардагуноҳи худ пушаймон нашудӣ.

Суфӣ шудию муҳтасибу донишманд,

Ин ҷумла шудӣ, вале мусулмон нашудӣ.