Баскана

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]


БАСКАНÁ بسکنه басикна, 1) парда, навои мусиқии қадимии форс-тоҷик; 2) тарона, суруди мавсимии баҳорӣ дар давраи Сосониён, ки мансуб ба Борбади Марвист. Баскана ба қисми аввали силсилаи «Хусравониёт»-и Борбад мансуб буда, муваррихон (Масъудӣ, Ибни Хурдодбеҳ) онро аз таснифоти қадимӣ донистаанд. Б.-ро, ки то давраи Сосониён вуҷуд доштааст, Борбад мутобиқи давраш такмил додааст. Дар асрҳои 11–12 низ Баскана дар ҳаёти мусиқӣ амал дошт ва классикони адабиёти форс-тоҷик онро дар осори хеш тавсиф кардаанд; 3) гӯшаи тараннумӣ дар таркиби «Дувоздаҳмақом» («Мақолиду-л-улум»-и Ҷурҷонӣ). Дар мусиқии имрӯза амал надорад.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Раджабов А. Борбад, эпоха, традиция и новаторства. Д., 2010; Ҳамон. Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои 1V–V11. Д., 2011.. فرهنگ رشیدی. تهران، ۱۹۶۳؛ فرهنگ فارسی. تهران، ۱۹۶۳؛ فرهنگ عمید. تهران، ۱۹۶۶ А. Раҷабов.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]