Басомадсанҷ
Этой статье нужно больше ссылок на другие статьи для интеграции в энциклопедию. |
[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]
БАСОМАДСÁНҶ, асбобест барои андоза кардани басомади равандҳои даврӣ ё басомади ташкилдиҳандаҳои гармоникии спектри сигнал.
Аз рӯйи тарзи ченкунӣ Басомадсанҷҳои ченкунии бевосита (қиёсӣ) ва муқоисавӣ (масалан, резонансӣ, гетеродинӣ, электронии ҳисобкунанда) мавҷуданд. Вобаста ба андозагирии навъи бузургии физикавӣ Басомадсанҷҳоро барои андоза кардани лапишҳои синусоидалӣ (қиёсӣ), басомадҳои ташкилдиҳандаҳои гармоникӣ (гетеродинӣ, резонансӣ ва вибратсионӣ) ва басомадҳои ҳодисаҳои дискретӣ (электронӣ, ҳисобкунанда, конденсаторӣ) истифода мебаранд.
Басомадсанҷ аз рӯйи тарзи ба ҳисоб гирифтани шумораи даврҳои лапиши андозашаванда, ки ба як даври генератори эталонии басомадаш устувор мувофиқ меоянд ё аз рӯйи усули муқоиса бо басомади маълуми резонатор ё генераторҳои эталонӣ амал мекунад. Басомадсанҷҳои ферродинамикӣ, электромагнитӣ ва росткунакдор, лавҳагӣ, манқул ва ғайриманқул мешаванд. Басомадсанҷ бо фосилаи басомадҳои андозашаванда, хатоҳои ҷоиз ва ҳассосият тавсиф дода мешавад. Бо ёрии Басомадсанҷ басомадҳои аз якчанд Ҳс то даҳҳо МҲc-ро андоза мекунанд.
Басомадсанҷ барои ба танзим даровардан, хидматрасонӣ ва ташхиси таҷҳизоти радиоэлектронии таъйиноташон гуногун, назорати кори радиосистемаҳо ва равандҳои технологӣ, таҷҳизоти ирсолкунанда ва қабулкунанда, тан¬зими таҷҳизоти пастбасомад, назорати шабакаи манбаи ҷараён ва ғ. истифода мешавад.
Манбаъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.