Бассоми Курд
Зодгоҳ: | |
---|---|
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Бассоми Курд (форсӣ: بسام کرد), Бассоми Гурд (форсӣ: بسام گرد; ? — қарни IX) — шоир ва аз нахустин гӯяндагони шеъри форсӣ, ҳамзамони Саффориён.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар баъзе манбаъҳо номаш ба шакли Бассоми Курд омадааст ва «курд» на ба маънои яке аз халқҳои эронии Ғарби Эрон, балки чун «чӯпон» маънидод шудааст. Аслан, Бассоми Курд аз аҳли Сиистон буд, ки дар ҷанги хориҷиён ба муқобили Яъқуби Лайси Саффорӣ иштирок кард. Пас аз шикасти ин гурӯҳ, ки сарварашон Аммор буд, Бассоми гурд ба мулозимати Яъқуб даромад ва дар васфи ӯ қасидаҳо мегуфт. Азбаски аз нахустин шоирони порсигӯй аст, забони ашъораш суфтаву равон, вазни онҳо баъзан сактадор аст. Аз навиштаҳои ӯ панҷ байт қасида дар мадҳи Яъқуб дастрас гардидааст:
Ҳар кӣ набуд ӯ ба дил муттаҳам,
Бар асари даъвати ту кард наам.
Амр зи Аммор ба-дон шуд барӣ,
К-ӯй хилоф овард то лоҷарам.
Дид бало бар тану бар ҷони хеш,
Гашт ба олам тани ӯ дар алам.
Макка ҳарам кард арабро Худой,
Аҳди туро кард ҳарам дар Аҷам.
Ҳар кӣ даромад, ҳама боқӣ шуданд,
Боз фано шуд, ки надид ин ҳарам.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бассоми Гурд / М. Диловаров // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.