Батакҳо
БАТАКҲÓ, мардуме дар Индонезия, ки дар қисми шимимолу ҷазираҳои Суматра умр ба сар мебаранд.
Шумораашон зиёда аз 4,5 млн нафар (2011). Аз нигоҳи забонӣ ва этникӣ Батакҳо ба 6 гурӯҳ тақсим шудаанд: тоба, каро, тимор, пакпак, ангкола ва мандайлинг. Ба забонҳои батакӣ ҳарф мезананд. Дини Батакҳо, асосан, ислом буда, қисме аз Батакҳои тоба ба дини христианӣ эътиқод доранд. Батакҳои каро ба дини анъанавии Индонезия содиқ мондаанд. То ҳол Батакҳо мутеи анъанаҳои авлодӣ ва ниёпарастӣ буда, онҳоро сахт риоя мекунанд. Шуғли асосиашон – зироаткорию деҳқонӣ (кишти шолӣ, ҷуворӣ, батат ва ғайра).
Бофандагию кулолӣ, дуредгарию кандакорӣ, филиззгудозию бинокориро хеле хуб медонанд. Аз аввалин рӯзҳои ба мустамликаи Ҳолландия табдил ёфтани Суматра (а. 17), муборизаро барои озодӣ ва истиқлол сар карданд. Аз а. 19 Батакҳоро ро «шоҳи муқаддас» идора мекард.
Баъд мустамликаи Ҳолландия шуд ва муносибаташ бо дигар давлатҳо маҳдуд буд. То солҳои 20 а. 20 ғуломии давраи патриархалӣ ҳукмрон буд. Асоси хоҷагидории онҳо рӯёндани зироатҳои гуногуни обӣ мебошад. Аз а. 20 сар карда муносибатҳои молию пулӣ бо нигаҳдории унсурҳои хоҷагидории табиии миллӣ вусъат ёфт.
Манбаъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.