Батик
БÁТИК (малайӣ, яваии ambatik – навиштан, нигоштан), усули ҳосил кардани нақш ё тасвир дар рӯйи матоъ: муми гудохтаро ба рӯйи порчаи матоъ мерезанд, баъд онро ба маҳлули ранг меандозанд, ҷойҳои аз мум холии матоъ рангро ба худ меҷабад ва дар натиҷа нақш ё тасвири матлуб ҳосил мешавад.
Батик аввал дар байни мардуми Индонезия, Ҳиндустон, Африқо маъмул буд. Онҳо либос ва ашёи манзилҳои худро бо нақшҳои ҳандасӣ ва ё тасвири набототу ҳайвонот оро медоданд. Асрҳои 16–17 тоҷирони ҳолландӣ намунаҳои Батики ин кишварҳоро ба Аврупо оварданд ва ин усули нигориш дар ин ҷо низ интишор ёфт (махсусан дар а. 20). Дар Тоҷикистон рассомон М. Носирова ва М. Ӯлҷабоева дар офаридани Батик даст доранд ва ин ҳунарро дар Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ба ҷавонон меомӯзонанд.
Манбаъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.