Jump to content

Батисфера

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


БАТИСФЀРА (юнони bathys – амиқ ва sphaira – кура), камераи мустаҳками курашакл, ки барои мушоҳидаҳои зериобӣ хидмат мекунад ва ба воситаи симтаноб аз киш¬тӣ ба қаъри об фуроварда мешавад. Бар хилофи батискаф худгард нест. Батисфера низоми тозакунии ҳаво, телефон, таҷҳизоти андозакунӣ ва люк (дариҷаҳои мудаввари биниш) дорад.

Батисфера. имкон медиҳад, ки дар умқи бештар аз 1000 м таҳқиқот анҷом дода шавад. Умқи калонтарине, ки бо ёрии Батисфера таҳқиқ шудааст, 1371,6 м-ро ташкил медиҳад (пилот – Отис Бартон, 1948).