Батолит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]


БАТОЛЍТ (юнони bathos – чуқурӣ ва lithos – санг), шакли ҷойгиршавии ҷинсҳои магмавии гурӯҳи гранит дар қишри Замин, калонсанги интрузивӣ, ки масоҳ. аз 100 км2 зиёд аст. Одатан дарозшакл, баъзан изометрӣ буда, аксар вақтҳо масоҳ. даҳҳо ҳазор км2 мешавад (масалан, дарозии Батолит кӯҳи Анд 1200 км ва бараш 100 км аст). Аввал тахмин мекарданд, ки гӯё Батолит номаҳдуд аст, аммо таҳқиқоти муфассали геофизикавӣ нишон дод, ки ғафсии он 3–15 км буда, ба линзаи бузурге шабоҳат дорад. Батолит аз рӯйи умқи ташаккулёбӣ ба синфи интрузияи абиссалӣ мансуб аст. Дар таркиби Батолит асосан санги хоро, гранодиоритҳо ва диоритҳо мавҷуданд. Батолитҳои санги хородор дар минтақаҳои коллизионӣ ва ҳудудҳои минтақавии фаъол ташаккул меёбанд. Дар минтақаҳои Батолит конҳои волфрам, молибден, оҳан, тило ва ғ. вомехӯранд. Батолит дар Тоҷикистон дар қ-кӯҳҳои Чатқал, Қурама, Ҳисор ва кӯҳҳои Помир дучор мешавад.

Батолити Қаромазор аз гранитоидҳои калонҳаҷми Оқтош (450 м2), Долона (13×4–7 км), Қаромазор (40 км2 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон), Қурама (34×6–10 км), Музбек (20 км2) ва ғ. иборат аст. Дар ташаккули интрузияи он чор давраи пайдарпайи пайдоиш ва ҷинсҳои кӯҳии зерин иштирок доранд: 1) плагиогранитҳо; 2) габбродиоритҳо, диоритҳо, диоритҳои кварсӣ, габбро, монсонитҳо, граносиенитҳо; 3) гранодиоритҳои порфирӣ, адамеллитҳо, монсонитҳои кварсӣ; 4) гранитҳои порфирӣ, гранитҳои лейкоркатовӣ. Мавзеи Оқтош асосан аз гранитоидҳои давраҳои 3 ва 4, Қаромазор аз ҷинсҳои ҳамаи давраҳо ва мавзеъҳои боқимонда аз ҷинсҳои давраи 3 иборат мебошанд. Интрузияҳои хурди кӯҳи Калканата аз плагиогранитҳо ё габбродиоритҳо ташаккул ёфтаанд. Дар қисми меҳвари қ-кӯҳҳои Қурама баъзе ҷузъҳои плутонии Қурама намоён буда, дар қисми шарқӣ амелитҳо (мавзеъҳои Надак – 25 км2, Корхона-Понғоз – 30 км2), қисми ғарбӣ гранитҳои порфирӣ ва плагиогранитҳо (мавзеъҳои Қӯрғонча ва Қарақин) зиёданд. Дар сохтори мавзеи Музбек (кӯҳи Муғултов) адамеллитҳо ва гранодиоритҳои порфирӣ аксариятро ташкил медиҳанд. Синни гранитоидҳои Батолити Қаромазор ба ҳудуди оғози давраи карбон то давраи перм рост меояд. Батолити Ҳисор аз гранитоидҳои маҷмааҳои магмавии Варзоби Шимолӣ ва Ҷанубӣ ташаккул ёфтааст. Маҷмааи Варзоби Шимолӣ аз диоритҳои кварсии давраи карбони миёна, гранодиоритҳои нишеби ҷан. қ-кӯҳи Ҳисор, гранодиоритҳои давраи карбони миёнаву дерин ва адамеллитгранитҳои қ-кӯҳҳои Ҳисору Зарафшон иборат аст. Маҷмааи Варзоби Ҷанубӣ аз ҷинсҳои ду давра – гранитҳои биотитовию порфировӣ ва аплитовӣ ташаккул ёфтааст. Гранитоидҳои ҳар ду маҷмаа дар нишебии ҷан. қ-кӯҳи Ҳисор рушд ёфта, плутони Ҳисорро ташкил медиҳанд, ки масоҳ. зиёда аз 3000 км2 аст. Дар ташаккули маҷмааи Варзоби Шимолӣ ҷинсҳои гуногун иштирок доранд, ки дар байни онҳо гранитоидҳои серасос, гранитҳои ишқорию заминӣ ва лейкократовӣ зиёд дучор меоянд. Ин маҷмаа шартан ба се давра тақсим мешавад: 1) диоритҳои кварсӣ ва гранодиоритҳо; 2) гранитадамеллитҳо ва гранодиоритҳо; 3) гранитҳои лейкократовӣ. Маҷмааҳои калонтарини маҷмааи Варзоби Шимолӣ – Обигарму Ромит, Варзоби Шимолӣ ва Қаротоғу Хонақоҳ мебошанд, ки асосан аз гранодиоритҳо ва гранитадамеллитҳо ташаккул ёфтаанд. Мавзеъҳои Хоҷа Мафраҷ (70 км2), Харангон (10 км2) сохтори минтақавӣ доранд (гузариши мунтазами гранодиоритҳо ба диоритҳои кварсӣ ва габбродиоритҳо). Мавзеъҳои хурд асосан аз диоритҳои кварсӣ иборатанд. Синни маҷмааи Варзоби Шимолӣ чун давраи карбони миёна ва дерин муайян карда шудааст. Дар маҷмааи Варзоби Ҷанубӣ гранитоидҳои ду давраро ҷудо мекунанд, ки мавзеъҳои Варзоби Ҷанубӣ ва Ромитро ташкил медиҳанд. Дар он гранитҳои биотитовии порфирӣ (маҳсули давраи 1) бештар инкишоф ёфта, гра¬нитҳои аплитӣ (маҳсули давраи 2) кам вомехӯранд. Гранитҳои биотитовии порфирӣ бо якҷинсии ҳайат ва сохторашон фарқ мекунанд. Таркиби гранитҳои аплитӣ ва лейкократовӣ ба тарзи автометасоматӣ дигаргун шудаанд. Мавзеи Варзоби Ҷанубӣ ҷинси батолитмонанди дарози арзиро (35×10 км) мемонад. Мавзеъро таҳни¬шастҳои карбонӣ то қабати бошқирдӣ (С21) бурида, бо гранитоидҳои давраи карбони миёна ва дерини маҷмааи Варзоби Шимолӣ пайваста аст.

Батолити Помиру Шуғнон аз маҷмӯи ҷинсҳои магмавии интрузивӣ, ки дар Помири Ҷанубу Ғарбӣ (Аличури Ҷанубӣ, қ-кӯҳҳои Шуғнон ва Рӯшон) мехобанд, иборат аст. Батолит, асосан, аз пораҳои бузург ва гнейсмонанди биотовит, гранитҳои абрақ ва мусковитии дарозиаш 200 км ва бараш 10–40 км ташаккул ёфтааст. Дар минтақаи тар¬қиши Матс-Кокбайк (қисми ғарбии дарёи Тӯқузбулоқ) Батолит қариб тамоман ба охир мерасад, аз ин рӯ онро ба ғарбӣ (Шуғнон) ва шарқӣ (Помир) ҷудо мекунанд. Мавзеи Шуғнон ҷисми қабатқабати дар чини синклиналӣ хобида буда, лояи синклиналплутонро ташкил медиҳад ва аз ҷинсҳои шартан карбонии лояи Намасдара ғанӣ аст. Қисми ҷанубии маҷмаа нишеб аст, аз ин сабаб ин қисмро решавӣ меҳисобанд. Батолити мавзеи Помир шакли қабатқабат дорад, вале доманаи онро эрозия нашикофтааст. Батолити мавзеи Хоруғ (40 км2) ҷинси қабатқабат буда, дарозиаш 20 км ва ғафсиаш 0,5 км аст. Мавзеи Патхур низ дорои чунин андозаҳо буда, дар самти шарқӣ ба Батолити Помиру Шуғнон мепайвадад. Масоҳ. Батолити Намангут 5 км2 буда, байни ташкилаҳои метаморфии архейии силсилаи Шоҳдара ва варақсангҳои лояи Истик мехобад. Сохтори мавзеъҳои Батолити Помиру Шуғнон аз табиати синтектоникии онҳо шаҳодат медиҳад. Яке аз механизмҳои қобили қабули ташаккули Батолити Помиру Шуғнон табдилёбӣ ба санги хоро ва муовизаи магматикӣ ба шумор меравад.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]